16:49:13 02-уми Июни 2025 сол

ВАЗИРИ КИШВАРИ СОБИҚИ МИСР БА 12 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Ҳабиб Адлӣ, вазири кишвари собиқи Миср, ба ҷурми пулшӯйӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Женерол Адлӣ, раиси собиқи нерӯҳои амниятии кишвар, яке аз махуфтарин ва ҷанҷолитарин чеҳраҳои наздик ба Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср буд.

54454_adli.jpgҶаласаи аввали муҳокимаи женерол Ҳабиб Адлӣ, вазири собиқи кишвари Миср, дар миёни тадобири густардаи амниятӣ дар рӯзи 5 март баргузор шуд. Женерол Адлӣ ба таври ҷудогона ба иттиҳоми ифои нақш дар куштори садҳо тан аз мӯътаризони мисрӣ низ рӯбарӯст. Вай ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад.

Тазоҳурот ва таҷаммуъҳои мухолифони ҳукумати Миср, ки дар моҳи феврал оғоз шуд, ба сарнагунии Ҳуснӣ Муборак мунҷар шуд. Ин аввалин муҳокимаи яке аз мақомоти аршади вобаста ба режими Ҳуснӣ Муборак буд. Дар ҷараёни ин тазоҳурот дастикам 846 тан аз ғайринизомиёни мӯътариз дар ҳини даргирӣ бо пулиси махфии Миср ва нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

Бештари онҳо дар ноҳияи сар ва сина мавриди исобати гулӯла қарор гирифта буданд. Бастагони ин қурбониён ҳамвора дар беруни додгоҳ, дар ҳумаи Қоҳира ҷамъ шуда ва тақозо мекунанд, ки барои вазири собиқи кишвар ва ҳамроҳонаш муҷозоти шадид дар назар гирифта шавад.

Бисёре аз мардуми Миср низ ба далели наҳваи рафтори пулис дар ҷараёни тазоҳурот, муҳокимаи оқои Адлиро аз наздик дунбол кардаанд. Инҳилоли пулиси махфӣ, ки дар Миср ба унвони пулиси амнияти кишвар шинохта мешавад, яке аз тақозоҳои аслии ҷунбиши эътирозии Миср буд. Нерӯҳои амниятии Миср ба нақзи густардаи ҳуқуқи башар ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон ва мухолифони сиёсӣ муттаҳам ҳастанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854