17:03:44 02-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҶИҲ СОБИР АББУД АЛ-МУСАВИ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавиро ҳамчунин алоҳида ба ҳузур пазируфт.

Дипломати ироқӣ паёми шахсии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Ҷалол Талабониро ба Сарвари давлати Тоҷикистон тақдим намуд. Дар он, аз ҷумла, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар вақти барои худ мувофиқ ба Ҷумҳурии Ироқ боздиди расмӣ анҷом диҳад.

Зимни сўҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки  Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ироқ метавонад барои таҳким ва густариши  муносиботи миёни ду кишвари дорои умумиятҳои амиқи таърихӣ заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод намояд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854