11:52:08 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Э.РАҲМОН АЗ САФИРОНИ НАВИ 9 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ЭЪТИМОДНОМА ҚАБУЛ НАМУД

Дирӯз 4 май Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори 9 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ, ки дар Қасри Миллат баргузор гардид, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои Япония – Ёшихиса Курода, давлати Кувайт – Наваф Абдулазиз Ал-Анезӣ, Ҷумҳурии Ироқ – Роҷиҳ Собир Аббуд Ал-Мусавӣ, Португалия – ҷаноби Бартолу, Ҷумҳурии Кипр – Петрос Кесторас, Венгрия – Имре Ласлотский, Ҷумҳурии Полша – Марианн Пшездзеский, Ҷумҳурии Аргентина – ҷаноби Саравия, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла – Давид Карабалло эътимоднома тақдим намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст сафирони навро ба муносибати таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз арзишҳои сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон, ки асоси онро стратегияи «дарҳои кушода» ташкил медиҳад ва бо ишора ба нишондодҳои паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид дошт: «Ҷавҳари  сиёсати «дарҳои кушода»-и Тоҷикистонро ба роҳ мондану таҳким бахшидани ҳамкории фаъолу созанда ва мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳон, дар асоси муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар заминаи ҳамкории бисёрҷониба ташкил медиҳад».

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Японияро дӯсти дерин ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ арза дошта, аз сатҳ ва мазмуни муносиботи судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.

Бо ишора ба он, ки равобиту ҳамкории созанда бо кишварҳои араб аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, ба густариши бештари муносиботи ҳасана бо Давлати Кувайт ва Ироқ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон густариши муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, изҳори  боварӣ намуд, ки сафирони нави Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия ва Полша дар ин раванд саҳми намоён мегузоранд.

Бо ишора ба таъин шудани сафири нахустини Ҷумҳурии Аргентина дар Тоҷикистон ва ҳузури сафири Ҷумҳурии Боливарии  Венесуэла таъкид гардид, ки «дар шароити ҷаҳони имрӯза масофа садди роҳи ҳамкорӣ шуда наметавонад». Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «тавассути кӯшишҳои муштарак мо метавонем бо кишварҳои амрикоӣ ҳамкории васеъ ва судманд дар арсаҳои гуногун барпо намоем».



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi