АНҶОМИ МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ
Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи маҳбусони фирориро ба анҷом расонид. Аз ҷумла додгоҳ Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоевро ба 30 соли маҳрумият аз озодӣ мақкум кард.
Бино ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷкистон, мурофиаи ниҳоии ин парванда рӯзи сешанбеи 3-юми май сурат гирифт ва онро раиси Ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторов пеш мебурд. Ҳайати мушовараи Додгоҳи олӣ аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи хулосаи мурофиа худдорӣ кард.
Оиша Мирзоева, хоҳари Абдурасул Мирзоев гуфт, ки барродарашро 30 сол аз озодӣ маҳрум карданд, ки панҷсоли онро дар утоқи якнафараи зиндон паси сар хоҳад кард.
Оиша Мирзоева гуфт, ба панҷ нафари дигаре, ки ҳамроҳи Абдурасул фирор карда буданд ва дар курсии айбдорӣ менишастанд, дар моҳи августи соли гузашта ҳукми абад дода шудааст ва ба дигарон мӯҳлатҳои мухталиф дода шуд. Аммо Додгоҳи олӣ аз додани маълумоти дақиқ худдорӣ мекунанд ва ҳатто вакилони мудофеъи ин афрод ҳозир намешаванд иттилои бештар диҳанд.
ПАРВАНДАИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ
Ин афрод барои фирор аз боздоштгоҳи Кумити амнияти миллӣ, куштор, бандитизм, нигаҳдории аслиҳа ва ҷароими дигар муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин нафароне, ки барои ин маҳбусони фирорӣ ба ҳар навъе кӯмак кардаанд, аз ҷумла Сайриддин Азизов, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Шаби 22-юм ба 23-юми августи соли 2010 аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе фирори 25 маҳбус сурат гирифт, ки миёни онҳо панҷ шаҳрванди Русия, чор шаҳрванди Афғонистон, ду шаҳрванди Узбакистон ва 14 шаҳрванди Тоҷикистон буданд.
Дар ҷараёни ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ 14 тани онҳо боздошт ва чаҳор нафари онҳо дар муқобила бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. 7 нафар аз ин маҳбусони фирорӣ ҳанӯз дар озодӣ қарор доранд.
БОЗДОШТИ ФИРОРИЁН ДАР АФҒОНИСТОН
Ҳамчунин, мақомоти амниятии Афғонистон ҳафт тан аз маҳбусони фирориро дар қаламрави ин кишвар боздошт карданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони худи Афғонистон буданд. Аммо мақомоти Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба нерӯҳои амниятии ин кишвар таслим карда, вале аз додани шаҳрвандони худ, ки онҳо низ маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ буданд, худдорӣ кардааст.
ФИРОРИ ПУРСАРУ САДО
Фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба барканории раҳбар ва 3 муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ сабаб шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар пайи фирори 25 маҳбус генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимовро, ки раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ буд, ҳамроҳ бо се муовинаш аз ин мақом барканор, вале муовини дигари ӯ Саймӯъмин Ятимовро раиси нави кумитаи амният таъйин кард.
Мирзонабии Холиқзод, «Озодӣ»