БОЗДОШТИ ЯК ЗАН БАРОИ ФУРӮШИ КӮДАКИ СЕСОЛААШ ДАР ХУҶАНД
Як сокини шаҳри Хуҷанд ба занни даст доштан дар фурӯши кӯдаки сесолааш боздошт шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулиси вилояти Суғд, маъмурони давлатӣ Евгения Ясавееваи 28-соларо ахиран дар истгоҳи қатори шаҳри Хуҷанд ба ҳангоми фурӯши тифлаш ба як сокини шаҳри Чкаловск дастгир кардаанд.
Ба гуфтаи манобеъи пулис, ин зан мехостааст кӯдаки худро дар ивази 2500 дулор бифурӯшад. Ҳамакнун алайҳи хонуми Ясавеева парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ҳафтае қабл додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар шимоли Тоҷикистон, Татяна Петриченко, як сокини шаҳри Чкаловро, ба ҷурми ба фурӯш гузоштани фарзанди 11-солааш барои муддати 5 сол равонаи зиндон карда буд.
Ба гуфтаи манобеъи додгоҳӣ, ин зан ҳам мехост дар ивази 1800 дулор фарзандашро бифурӯшад. Ба навиштаи хабаргузории Pressa.tj ин зан дар ҷараёни таҳқиқот ба маъмурони пулис гуфтааст, ки мехостааст ин маблағро барои харидории манзил сарф кунад.
Додгоҳ мегӯяд, ки писари ин зан аз қабл медонистааст, ки модараш ӯро ба фурӯш хоҳад гузошт. Дар гузашта низ пулиси вилояти Суғд аз мавориди зиёди боздошти афрод барои ба фурӯш гузоштани кӯдакони навзод хабар дода буд.
Би-Би-Си