16:58:37 02-уми Июни 2025 сол

МАҲДУДИЯТИ РАФТУ ОМАД ДАР МИНТАҚАИ ШЕНГЕН БАРРАСӢ МЕШАВАД

Интизор меравад намояндагони кишварҳои урупоии узви паймони Шенген дар ҷаласае дар рӯзи чаҳоршанбе, пешниҳоди барқарории маҳдудият дар истифода аз визои Шенгенро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Дар ҳоли ҳозир, атбоъи кишварҳои ғайри узви Иттиҳодияи Урупо дар сурати дарёфти визои вуруд ба ҳар як аз кишварҳои имзокунандаи паймони Шенген, иҷозаи рафту омад ба соири кишварҳои узви ин паймонро доранд.

Дар моҳҳои ахир иқдоми давлати Итолиё дар эътои визои вуруд ба шумори қобили таваҷҷуҳе аз паноҳҷӯёни кишварҳои буҳронзадаи шимоли Офриқо боъиси нигаронии соири кишварҳои узви Шенген дар бораи вуруди ин афрод ва талоши онон барои иқомати ғайриқонунӣ шудааст.

Бар асоси пешниҳодҳои ироашуда интизор меравад ба ҳар як аз кишварҳои узви муъоҳидаи Шенген иҷоза дода шавад, то дар шароити хос маҳдудиятҳоеро дар мавриди вуруди дорандагони визои соири кишварҳои узв ба иҷро бигузорад.

Тарҳи пешниҳодӣ барои баррасӣ ва тасвиб дар иҷлоси моҳи ояндаи раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо матраҳ хоҳад шуд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854