БОЗОШТИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК БА ИТТИҲОМИ ҚАТЛ
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Сант-Питерсбурги Русия, ба иттиҳоми қатл ва ғорат боздошт шудааст. Ба навиштаи рӯзномаи “Московский комсомолец” рӯзи 27 апрели соли равон, пулиси ин шаҳр шаҳрванди Тоҷикистон, Шафиевро боздошт ва ӯро дар қатли як сокини хориҷӣ дар Русия муттаҳам кардааст.
Бар асосии таҳқиқоти муқаддамотии пулиси шаҳри Сант-Питерсбург, ин муҳоҷири тоҷик ҳамроҳ бо се ҳамдасти дигар ба манзиле дар хиёбони Щелковскойи ин шаҳр, ки дар он сокинони Ҳинд зиндагӣ мекарданд, ворид мешавад. Ба гуфтаи маъмурони пулиси рус, ин афрод даҳон ва дастони бошандагони манзилро баста ва сипас онҳоро шадидан лату кӯб карданд ва ҳудуди 100 дулор ва се телефунӣ ҳамроҳи онҳоро ба сирқат бурданд.
Пулиси Русия гуфтааст, ки яке аз сокинони ин манзил, аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҳинд, бар асари лату кӯб ҷони худро аз даст додааст. Бар асоси иттилоъи расмӣ дар зиндонҳои Русия беш аз панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои иртикоби ҷароими мухталиф аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир ба сар мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси хабари дигари нерӯҳои интизомии Русия, ду сокини Тоҷикистон, ки низ дар он кишвар муҳоҷирони корӣ буданд, бар асари масмумият аз зуғолсанг ҷонҳои худро аз даст додаанд. Ҳарчанд ҳуввияти ин афрод мушаххас нашуда, вале гуфта мешавад, ки ду табаъаи тоҷикистонӣ дар солуни мошини тамғаи “Газел” дар роҳи утумубилгарди Красноярск аз зуғолсанг барои гарм шудан истифода карда ва аз гози корбун масмум шуда ва ҷон додаанд.
Бар асоси иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар соли 2010 беш аз 700 тобути атбоъи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон интиқол ёфт, ки аксари онҳо дар Русия муҳҷирони корӣ буданд. Иддае аз шаҳрвандони тоҷик, ки имкони бозгардонидани аҷсоди пайвандони худро аз Русия ба ватанашон надоранд, онҳоро дар гӯристонҳои Русия ба хок месупоранд.
Гуфта мешавад, ки ҳарчанд куштори муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар муқоиса ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст, вале ҳамасола теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бар асари бемориҳо ва ҳаводиси мухталиф, аз ҷумла оташсӯзӣ, сонеҳаҳои утумубилӣ ва ҳамчунин масмумият аз гоз ҷон медиҳанд.
Би-Би-Си