ВУҚӮЪИ ЯК ИНФИҶОР ДАР БОЗОРИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ
Дар пайи инфиҷоре дар бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷануби шаҳри Душанбе, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Манобеъи пулис мегӯянд, ки дар бозори шаҳраки Сомониён норинҷаке мунфаҷир шудааст, ки онро наврасон дар тамрингоҳи низомии Лоҳур, воқеъ дар қаламрави ин ноҳия, пайдо кардаанд.
Пулис ангезаҳои сиёсӣ доштани ин ҳодисаро рад мекунад. Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин ҳодиса тахминан соъати яки рӯзи чаҳоршанбе дар бозори марказии ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст. Вай афзуд: “Таҳқиқоти муқаддамотӣ собит карда, ки кӯдакон дар саҳни бозор норинҷакеро, ки аз тамрингоҳи Лоҳур пайдо кардаанд, мунфаҷир сохтаанд.”
Ба гуфтаи оқои Норматов, дар пайи ин ҳодиса касе кушта нашудааст, вале чанд нафар ҷароҳатҳои “ночиз” бардоштаанд. Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки дар пайи ин ҳодиса се нафар – ду кӯдак ва як мӯйсафед ҷароҳат бардошта ба бемористон мунтақил шудаанд.
Тоҳир Норматов хабар дод, ки феълан маҳалли бозор аз сӯйи маъмурони интизомӣ муҳосира шуда ва бозрасон машғули бозпурсии кӯдакони мазнун ва шоҳидон ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки имрӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон паёми солонаи худро ба порлумон ироа кард, ки маъмулан як ҳодисаи муҳимми сиёсӣ унвон мешавад.
Ҳамчунин, ин ҳодиса пас аз ду рӯзи поёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт ва кушта шудани Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", аз раҳбарони умдаи пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар ин минтақа, сурат мегирад.
Зимнан, бори ахир аз инфиҷор дар як сохтмони диску дар шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли гузашта гузориш шуда буд, ки хисороти ҷонӣ дар пай надошт. Баъд аз ин, ниҳодҳои интизомӣ аз хунсо шудани талоши ду инфиҷор дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, дар авоили соли ҷорӣ гузориш доданд.
Аммо дар моҳи сентябри соли гузашта як худрави ҳомили маводди мунфаҷира дар назди сохтмони пулиси ин вилоят мунфаҷир шуд, ки дастикам се нафар кушта ва ҳудуди сӣ тан захмӣ бар ҷой гузошт. Дар солҳои пеш, дар маҳаллоти мухталифи шаҳри Душанбе низ инфиҷорҳое рух додаанд, ки мақомот онро иқдоми пайкорҷӯёни мухолифи давлат унвон карда буданд.
Би-Би-Си