19:21:18 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЮСУФ ҚАРЗОВӢ БА “КУМО” РАФТААСТ?

Ба гузориши хабаргузории “alaahd.com”, субҳи дирӯз, сухангӯи дафтари Юсуф Қарзовӣ, раиси “Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон”, дар Дуҳаи Қатар, хабари шиддат гирифтани вазъияти саломатии Қарзовӣ, ба кумо рафтан ва таваққуфи ҷараёни хун ба як қисмати мағзи сари ӯро, ки тавассути расонаи электронии ахбори омма мунташир гардида буд, рад кард.

dr_yousuf_al_karzaviАз ин дафтар ба «Рӯзи ҳафтум»(рӯзномаи мисрӣ) иттилоъ дода гуфтаанд, ки хабарҳои зидду нақизе доир ба саломатии доктор Юсуф Қарзовӣ пахш гарадидаанд, ки гӯё вазъияти саломатии Қарзовӣ хеле бад шудааст. Хулосаи ин ҳама ин аст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дамои ҳаво якбора сард шуд ва он ба саломати Шайх Юсуф Қарзовӣ таъсир карда бемор шуданд. Ҳоло саломатиашон беҳтар шудааст. Бо ин ҳол бо гурӯҳе аз зоирон, ки ба дафтараш ташриф оварда буданд, мулоқот кард ва намозро низ якҷо бо ҷамоат, бо шогирдонаш адо намуд.

Сомонаи хабарии “Ал-виом”-и қатарӣ бегоҳи якшанбе иттилоъ дода буд, ки Юсуф Қарзовӣ аз нобаҳангом гирифтор шудан ба  бемории адами ҷараёни хун дар як қисмати сарашон ранҷ мекашад ва ӯ дар ҳолати саломатии хатарзо ба сар мебарад.

Ин сомона ба нақл аз манобеи қатарии худ, ки аз зикри номаш худдорӣ кардааст, иттилоъ медиҳад, ки Қарзовӣ, раиси “Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон”, соатҳои ахир вазъияти хатарзоеро аз сар мегузаронад.

Ин манобеъ рӯшан карда гуфтаанд, ки Қарзовӣ алҳол дар ҳолати суботи димоғӣ ба сар мебарад. Аз байн рафтани ҳуҷайраҳои мавҷуд дар ҳамин қисмати баданашон, ки аз ғизо гирифтан маҳрум шудаанд, метавонад  ба мағзи сари ӯ таъсир намоянд.

Ин манобеъ афзудаанд, ки пизишкон ҳолати саломатии ӯро тӯли 24-соат дар беморхонаи “Ар-Рамла” зери назорати қатъӣ гирифтаанд.

Ба иттилоъи манбаъ табибон таъкид кардаанд, ки агар дар тӯли 24-соати оянда чунин ҳолат идома пайдо кунад, эҳтимол ӯ ба фалаҷи ҳамони қисмати димоғашон гирифтор шаванд.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 19.04.2011 19:50
Худованди Карим нигахбони саломати ва Эмони пешвояонамон бошад ! АЛЛОХ, хайрон Х,офизо !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi