01:29:29 02-уми Июли 2025 сол

УЛАМОИ ЯМАН ХОСТОРИ ИСТЕЪФОИ АЛӢ АБДУЛЛО СОЛЕҲ ШУДАНД

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, намоишҳои оммавии ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ шурӯъ шуданд. Баъд аз намози ҷумъа ҳазорон нафар ба хиёбонҳои шаҳр рехтанд.

protestИмрӯз гурӯҳи уламои маъруфи ислом ва сарони қабоил бо пахши як изҳорот хостори истеъфои фаврии раисиҷумҳур шуда талаб намуданд, ки ҳама дархостҳои ширкатдорони ҳамоишҳои эътирозӣ иҷро карда шаванд. Шурӯъ аз моҳи январ ба асари саркӯбсозии намоишҳо бо талаби раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ дасти кам 120 нафар кушта шудаанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ