10:31:53 01-уми Июни 2025 сол

РАСМУССЕН: "ҲАР ҚАДАР ЛОЗИМ ШАВАД, НАТО АМАЛИЁТИ ЛИБИЯРО ИДОМА ХОҲАД ДОД"

Имрӯз раҳбари НАТО Андерс Фог Расмуссен ӯҳдадор шуд, ки ин эътилофи низомӣ рисолати худро дар Либия «ҳар қадар лозим шуд, идома хоҳад дод».

natoИзҳороти Расмуссен дар поёни нишасти вазирони хориҷаи НАТО дар Берлин дар шароити мутафовит будани дидгоҳҳои аъзои ин созмон ба стретагияи Либия садо дод. «Мо ӯҳдадор ҳастем, ки ҳама захираҳои зарурӣ ва нармпазирии ҳадди аксари амалиро дар чаҳорчӯби оинномаи худ ба кор барем. Алайҳи ҳадафҳои машрӯъ суръати ҳар қадар баланде, ки лозим бошад, ба кор бурда мешавад».

Айни замон, Расмуссен гуфт, ки эътилоф барои роҳандозии ҳамлаҳои заминӣ ба ҳавопаймоҳои бештар ниёз дорад. Дар Либия аз 28 узви НАТО танҳо шаш кишвар – Фаронса, Бритониё, Канада, Дания, Норвегия ва Белгия машғули ҳамлаҳои ҳавоӣ мебошанд. Бритониёву Фаронса хостори иштироки кишварҳои бештар дар амалиёти зидди режими Муаммар Қаззофӣ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, баъди се ҳафтаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ҳамоно тавозуни нирӯву қудрат ба фоидаи шӯришиён набуда пеши роҳи артиши Қаззофӣ ҳам дар анҷоми ҳамлаҳои болои мардуми осоишта гирифта нашудааст. Шӯришиён ҳушдор медиҳанд, ки дар шаҳри ғарбии Мисрота, ки нирӯҳои Қаззофӣ он ҷо аз мушакандозҳо истифода мекунанд, эҳтимоли шурӯи қатлҳои дастаҷамъӣ вуҷуд дорад. Имрӯз дар ин ҷо дасти кам 13 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854