11:31:35 01-уми Июни 2025 сол

ШУМОРИ ГУМОНБАРОНИ ТАРКИШИ МИНСК АФЗОИШ МЕЁБАД

Беларус дар бораи боздошти боз ду гумонбари дигари таркиши террористӣ дар метрои пойтахт - шаҳри Минск, ки рӯзи 11 апрел рух дод, хабар дод. Ҳоло шумори умумии гумонбарони таркиш панҷ нафар гуфта мешавад.

tarkishДар натиҷаи таркиши рӯзи душанбе 12 нафар кушта ва ҳудудан 200 кас захмӣ гардиданд. Мақомот рӯзи чоршанбе гуфтанд, ки омилони аслии ин таркиш, аз ҷумла ҷавони бистсолаи бомбгузорро боздошт карданд.

Бо изҳори ин матлаб, муовини додситони кулли Беларус Андрей Швед гуфт, ки ҳамаи панҷ гумонбар шаҳрванди Беларус ва ҷавонҳои то сисола будаанд. Швед гуфт, ки бозпурсии ин гумонбарон шурӯъ шудааст. Президент Александр Лукашенко тахмин задааст, ки таркиш кори дасти дигарандешон аст ва аллакай барои бозпурсии онҳо амр додааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854