10:41:17 01-уми Июни 2025 сол

ИХРОҶИ ДАҲҲО ДОНИШҶӮ АЗ ДОНИШГОҲҲОИ ТОҶИКИСТОН

Кашфи чандин санади тақаллубӣ мунҷар ба ихроҷи даҳҳо донишҷӯ аз донишгоҳҳои умдаи Тоҷикистон шудааст. Дар ин робита ҳамчунин дар мавриди иддае аз мудирони мактабҳои ҳамагонии мутавассити кишвар парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва бархе аз онҳо боздошт шудаанд.

/images/stories/2011/04/14_education22654455.jpgГуфта мешавад, ки ин афрод ба шогирдони мадориси мутавассит, ки ҳанӯз клосси ёздаҳуро тамом накарда буданд, гувоҳиномаҳои фориғуттаҳсилӣ додаанд. Ноилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 14 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҳоло бозрасони Додситонии кулли кишвар дар ин замина дар куллияи манотиқи Тоҷикистон бозрасии густардае анҷом медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, ҳарчанд бархе аз натоиҷи муқаддамотии ин бозрасиҳо рӯшан аст, вале дар бораи онҳо танҳо дар сурати анҷоми ин амалиёт иттилоъ дода хоҳад шуд. Шумори асноди тақаллубии кашфшуда ва донишҷӯёни ихроҷшуда ҳам ҳанӯз рӯшан нест. Вале ба гуфтаи оқои Нуралиев, вазири маъорифи Тоҷикистон фармон додааст, ки он идда аз донишҷӯён, ки бо ироаи асноди тақаллубӣ ба донишгоҳҳо пазируфта шудаанд, бояд ихроҷ карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз донишҷӯёни Донишгоҳи текнулужии Тоҷикистон хабар доданд, ки ахиран раёсати ин муассисаи таълимӣ асомии ҳудуди 45 донишҷӯро эълом карда, ки ба далели ироаи гувоҳиномаҳои тақаллубӣ аз донишгоҳ ихроҷ шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, дар миёни афроди ихроҷшуда донишҷӯён аз курсҳои ду, се ва ҳатто чаҳор ҳастанд. Гуфта мешавад, ки ҳамзамон, маъмурони додситонӣ ин донишҷӯёнро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Як духтари донишҷӯйи соли севуми ин донишгоҳ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ду ҳафта қабл маъмурони додситонӣ ӯро бозпурсӣ карда ва изҳор доштаанд, ки дар қиболи вай мушкиле набудааст. Вале бо ин вуҷуд, номи ӯ низ дар миёни донишҷӯёни ихроҷшуда зоҳир шудааст. Вай мегӯяд, ки дар муддати се соли гузашта қимати таҳсил дар ин донишгоҳро пардохт карда ва ҳамакнун мавзӯъи идомаи таҳсилаш норӯшан аст.

nuralievНоилшо Нуралиев, сухангӯйи Вазорати маъорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ки тақаллуб дар таҳияи гувоҳиномаҳои фориғуттаҳсилӣ ҷиноят маҳсуб мешавад ва тибқи қонуни кайфарӣ, барои иртикоби ин ҷурм ҳукми зиндон дар назар аст. Ба ин далел, ба эътиқоди вай, донишҷӯёне, ки бо истифода аз асноди тақаллубӣ ба донишгоҳҳо пазируфта шудаанд, наметавонанд ба ҷубронпулӣ умед дошта бошанд. Гузашта аз ин, қонун барои нафароне, ки огоҳона аз чунин аснод истифода мекунанд, низ муҷозотеро дар назар дорад.

Ба гуфтаи оқои Нуралиев, то ҳол бисёре аз мавориди таҳияи гувоҳиномаҳои тақаллубии фориғуттаҳсилӣ дар шаҳри Душанбе ва бархе аз минтақаҳои вилояти Суғд ошкор шудаанд. Зимнан, муқаррароти таҳсили ёздаҳсола дар Тоҷикистон дар авосити даҳаи 1990 роҳандозӣ шуда буд. Қабл аз он, дар замони шӯравӣ мадориси Тоҷикистон шогирдонро ба таҳсили даҳсола фаро мегирифтанд.

Дар даҳаи 1990 ҳамчунин таҷрубаи фориғ шудан аз мадорис бо шеваи ба истилоҳ “экстерн” вуҷуд дошт, ки шогирдони клоси 10-ум метавонистанд баъди супоридани имтиҳоноти клоси 11 гувоҳиномаи фориғуттаҳсилӣ дарёфт кунанд. Гуфта мешавад, бархе аз волидайни шогирдон ба манзури фориғ шудани зудтари фарзандонашон аз мактаб бо роҳи тақаллубӣ низ чунин аснодеро дарёфт кардаанд.

Ҳамакнун давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз соли 2012 дар ин кишвар таҳсили ҳатмии 12-соларо роҳандозӣ кунад. Вале ахиран масъулони вазорати маъориф эълом доштанд, ки ба эҳтимоли зиёд оғози роҳандозии ин тарҳ ба таъвиқ хоҳад уфтод.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854