ДАР НУРОБОД "ТАМРИНОТИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ" ОҒОЗ ШУДААСТ
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи оғози амалиёти вижа алайҳи Мулло Абдулло дар шарқи ин кишварро рад кард. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои интизомӣ дар ин минтақа тамриноте оғоз кардаанд, ки ҳадафи он мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ унвон шудааст.
Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 14 апрел дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки имрӯз дар ноҳияи Нуробод гурӯҳҳои вижаи интизомӣ, ки ахиран дар минтақаи Рашт таъсис шудаанд, тамриноте анҷом медиҳанд.
Ба ин далел, ба гуфтаи вай, ба ин минтақа теъдоде аз нерӯҳои пулис эъзом шудаанд. Раиси ситоди пулиси Тоҷикистон гузоришҳо дар бораи оғози амалиёт алайҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”-ро, ки аз мухолифони давлати Тоҷикистон аст, бепоя хонд. Давлати Тоҷикистон Мулло Абдуллоро дар ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар дараи Камароб дар тирамоҳи соли гузашта, ки дастикам 26 кушта бар ҷой гузошт, мазнун медонад.
Давлат ҳамчунин дар ин қазия Аловуддин Давлатовро, ки бо тахаллуси “Алии Бедакӣ” машҳур буд, муқассир медонад. Оқои Давлатов дар авоили соли ҷорӣ дар амалиёте вижа ба сурати машкук кушта шуд.
Телевизиюни давлатии Тоҷикистон он замон эълом карда буд, ки “Алии Бедакӣ” дар ҷараёни амалиёти вижа кушта шуд. Вале дертар навори видиюие тавассути телефунҳои ҳамроҳ пахш шуд, ки дар он маъмурони интизомӣ нафареро бо исми “Алии Бедакӣ” мавриди бозпурсӣ қарор медоданд.
Қаблан мақомоти пулиси Тоҷикистон ин видиюро тақаллубӣ хонда ва эҳтимоли боздошти Аловуддин Давлатов тавассути нерӯҳои амниятӣ ва кушта шудани ӯ баъд аз боздоштро рад карда буданд.
Вале Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ахиран дар яке аз мусоҳибаҳои матбӯъотии худ изҳор дошт, ки зимни боздошт “Алии Бедакӣ” ҷароҳат бардошта ва ба ҳангоми интиқол ба бемористон ҷони худро аз даст додааст. Дар ин видию, дар посух ба ин суоли маъмурон, ки “Мулло Абдулло” дар куҷост, фарде, ки “Алии Бедакӣ” хитоб мешавад, мегӯяд, ки ҳудуди чаҳор моҳ аст, ки ӯро надидааст.
Абдулло Раҳимов дар солҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз фармондеҳони саршиноси мухолифон буд, ки муқаррароти созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифони исломияшро напазируфт.
Вай муддате дар қаламрави Афғонистон буд ва ду сол қабл шоеъоте дар бораи ҳузури вай дар шарқи Тоҷикистон пахш шуд. Давлати Тоҷикистон иддаъо дорад, ки Мулло Абдулло қасд дошт дар минтақаи Рашт як ӯрдугоҳи байналмилалии террористӣ ташкил кунад.
Зимнан, Вазорати кишвари Тоҷикистон ахиран эълом кард, ки дар минтақаи Рашт, дар шарқи ин кишвар, бахши минтақавии пулис таъсис шуда ва Шоҳ Искандаров, яке аз фармондеҳони собиқи мухолифон, ба симати муъовини раиси ин ниҳод интисоб шудааст.
Гуфта мешавад, ки оқои Искандаров аз оғози тирамоҳи соли гузашта дар баргузории музокирот миёни гурӯҳҳои мухолиф ва давлати Тоҷикистон нақши боризе доштааст. Дар пайи ин музокирот, гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба раҳбарии Мирзохӯҷа Аҳмадов силоҳҳои худро ба мақомот таслим карданд ва бо ниҳодҳои давлатӣ алайҳи “Мулло Абдулло” ба ҳамкорӣ пардохтанд.
Би-Би-Си