02:00:06 03-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ АМАЛИЁТ АЛАЙҲИ ГУРӮҲИ МУЛЛО АБДУЛЛО

Амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло дар Самсолиқи ноҳияи Нуробод оғоз шудааст. Як манбаъ аз ситоди Мирзохӯҷа Аҳмадов бо таъйиди ин хабар ба “Озодӣ” гуфт, дар ин амалиёт афроде аз гурӯҳи онҳо низ иштирок ва ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак мекунанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар даргирие, ки субҳи имрӯз, 14-уми апрел, ба вуқӯъ пайвастааст, аз чархболҳои низомӣ низ истифода мешуд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки дар маҳалли даргирӣ шахси худи Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло, низ ҳузур дорад ё не ва ё ин амалиёт алайҳи афроде аз гурӯҳи ӯ сурат мегирад. Аммо мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар Нуробод тамриноти муштараки зиддитеррористӣ ҷараён дорад, ки то се-чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад ёфт.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳадаф аз ин тамриноти муштараки нерӯҳои қудратии Тоҷикистонро чунин баён кард: “Воҳидҳои махсус дар он ҷо машқҳои тактикӣ гузаронида истодаанд. Ҳам омодабошии онҳо санҷиш карда мешавад ва малакаи касбияшон боло бурд мешвад.”

Мақомоти қудратии Тоҷикистон Мулло Абдуллоро дар нооромиҳои соли гузашта дар минтақаи Рашт, ки бо кушта шудани 28 сарбози Вазорати дифоъ дар дараи Камароб шурӯъ шуд, айбдор мекунанд. Мулло Абдулло соли 1997, замоне ки ҷонибҳо созишномаи сулҳро имзо карданд, аслиҳаашро ба замин нагузошта, соли 2002 ба Афғонистон рафт. Мақомоти Тоҷикистон аз 2005 ба ин сӯ Мулло Абдуллоро дар пайгарди қонунӣ қарор додаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854