14:42:42 01-уми Июли 2025 сол

НАРХИ БЕНЗИН ДАР ДУШАНБЕ БА 5 СОМОНӢ РАСИД

Нархи бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Тоҷистон боло рафта, қимати як литри ин навъи маводи сӯхт дар Душанбе ба 5 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест ки дар поёни ҳафтаи гузашта нархи як литр бензин дар пойтахт 4 сомониву 70 дирам буд.

Манобеъи хабаргузории «Азия Плюс» бо рафтани таъруфаи фурӯши маводи сӯхт аз сӯи Русияро далели аслии афзоиши нархи бензин ном мебаранд. Русия аз 1 апрел мизони боҷи фурӯши як тонна маводи сӯхт ба Тоҷикистонро аз 244,6 доллар то ба 283,9 доллар боло бурд. 78 дарсади бозори маводи нафтии Тоҷикистон аз ҳисоби Русия таъмин мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ