ЛАТУ КӮБИ ЯК ДИПЛОМАТИ ҚАЗОҚ ДАР ДУШАНБЕ
Дар Душанбе як дипломати қазоқ ва аҳли хонаводааш мавриди ҳамлаи гурӯҳе номаълум қарор гирифтаанд. Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон бо интишори баёнияе расмӣ дар ин бора иттилоъ додааст. Дар ин баёния аз ҷумла омадааст: "Бо дарназардошти равобити дӯстонаи миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон сафорати ин кишвар дар Душанбе аз рух додани ин ҳодиса нигаронии ҷиддии худро иброз медорад."
Тибқи ин баёния, пас аз зӯҳри рӯзи якшанбеи 10 апрел, Амир Жанаев, дабири дувуми сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, бо ҳамсар ва фарзанди чаҳорсолаи худ мавриди ҳамлаи гурӯҳе иборат аз 6-7 нафар аз ҷавонони аз 25 то 30-сола қарор гирифтаанд. Тибқи иттилоъи сафоратхонаи Қазоқистон, ин ҷавонон дипломати қазоқро бо таҳқир ва тавҳини дорои хусусиёти шувинистӣ (миллигароёна) мавриди лату кӯб қарор додаанд.
Ба навиштаи сафорат, ин гурӯҳ ба исрори оқои Жанаев дар бораи ин, ки вай дипломат аст, гӯш надода ва ба зарбу шатми вай ва сангпартоӣ ба сӯйи аъзои хонаводааш идома додаанд. Дар баёния аз ин ки талошҳои нахусти оқои Жанаев барои занг задан ба пулис бенатиҷа анҷомида, ибрози норизоятӣ шудааст. Тибқи ин баёния, маъмурони пулис пас аз 20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида ва касеро аз аъзои гурӯҳи ҳамлагар боздошт накардаанд.
Ин ҳодиса дар кӯчаи Айнӣ дар наздикии фурӯшгоҳи “Канон”, ки яке аз хиёбонҳои пуродам маҳсуб мешавад, рух додааст, аммо дар баёния ишора шудааст, ки касе аз миёни раҳгузароне, ки дар атрофи саҳнаи лату кӯби дипломати қазоқ таҷаммӯъ карда буданд, ба ӯ кумак накардааст. Ба гуфтаи мақомоти сафорати Қазоқистон дар Душанбе, дипломати қазоқ манзилеро, ки гурӯҳи ҳамлагар аз он берун омадаанд, дида ва дар ин бора ба пулис хабар додааст.
Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар бораи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, маъмурон ин ҳодисаро ба унвони "авбошӣ" таҳқиқ мекунанд. Ҷузъиёти ин парванда ҳанӯз рӯшан нест, вале оқои Асадуллоев гуфт афроде, ки ба дипломати қазоқ ҳамла карда буданд, "дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд ва ин қазия ягон тобиши сиёсӣ надорад." Зимнан, вазъи саломати Амир Жанаев мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Би-Би-Си