12:14:50 01-уми Июни 2025 сол

ЗУМО: ДАВЛАТИ МУЪАММАР ҚАЗЗОФӢ ТАРҲИ СУЛҲРО ПАЗИРУФТ

Ҷейкуб Зумо, раиси ҷумҳури Офриқои Ҷанубӣ, гуфтааст давлати Либӣ тарҳи сулҳи Иттиҳодияи Офриқоро барои поён додан ба даргириҳои хунини ҳашт ҳафтаи гузашта пазируфтааст. Оқои Зумо ва се раҳбари дигари офриқоӣ рӯзи якшанбе бо сарҳанг Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари Либӣ, дар Таробулус пойтахти ин кишвар, мулоқот карданд.

kaddafiОнҳо акнун дар шаҳри Бенғозӣ пойгоҳи мухолифони мусаллаҳи оқои Қаззофӣ дар шарқи Либӣ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои вафодор ба оқои Қаззофӣ ба ҳамалоти худ алайҳи шаҳри Аҷдобиё, ки дар кунтрули мухолифон аст, шиддат бахшида ва онҳоро ба ақиб рондаанд.

НОТУ, ки раҳбарии нерӯҳои эътилофро бар уҳда дорад, рӯзи якшанбе гуфт, ки 25 тонк ҳукумати Либиро мунҳадим кардааст. Тарҳи мусаллаҳи Иттиҳодияи Офриқо шомили оташбаси фаврӣ, гушоиши коноли ирсоли кумакҳои башардӯстона ва оғози гуфтугӯи мухолифон бо давлати Либӣ аст. Оқои Зумо гуфт: "Ҳайати раҳбари бародар (сарҳанг Қаззофӣ) нақшаи роҳеро, ки мо ироа кардем, пазируфтааст."

Ӯ пас аз соъатҳо музокира бо мақомҳои Либӣ гуфт, ки ҷузъиёти ин тарҳи сулҳ бо судури баёнияе эълом хоҳад шуд. Раҳбарони мухолифони сарҳанг Қаззофӣ ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки тарҳи Иттиҳодияи Офриқоро ба диққат мутолеъа мекунанд, аммо ҳар пешниҳоде, ки сарҳанг Қаззофӣ ва писарашро дар қудрат нигаҳ дорад, пазируфта нахоҳад шуд.

Ҳайъати Иттиҳодияи Офриқо шомили намояндагони панҷ кишвар аст: Ҷейкуб Зумо, раиси ҷумҳури Офрқои Ҷанубӣ, Муҳаммад Абдулазиз, раиси ҷумҳури Мавритонӣ, Омоду Тумони Тура, раиси ҷумҳури Молӣ, Денис Сосу Нагасу, раиси ҷумҳури Конгу ва Ҳенрӣ Улям Уклу, вазири хориҷаи Угонду.

Ин ҳайъат хоҳони "хотимаи фаврии" даргириҳо, интиқоли кумакҳои башардӯстона" ва гуфтугӯ байни тарафдорон ва мухолифони ҳукумати Либӣ шудааст. Дар баёнияе, ки раиси ҷумҳури Офриқои Ҷанубӣ пештар содир кард, гуфта шуд: "Кумитаи (Офриқои Ҷанубӣ) аз НОТУ муҷаввиз гирифтааст, ки вориди Либӣ шавад, то дар Таробулус ... бо (сарҳанг) Қаззофӣ мулоқот кунад."

Иттиҳодияи Урупо васотати ин ҳайати офриқоиро дар кашмакашҳои Либӣ таъйид кардааст. Аммо пешшарти мухолифони ҳукумати Либӣ барои канорагирии оқои Қаззофӣ ва хонаводааш ин маъмуриятро бисёр душвор кардааст. Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд дар марҳилаи феълӣ музокираи ду тараф барои ёфтани роҳе ба сӯйи демукросӣ мумкин ба назар намерасад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854