ТОҶИКОН БО ТАШАННУҶИ АВЗОЪ ЯМАНРО ТАРК МЕКУНАНД
Тибқи иттилоъи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон беш аз 20 хонаводаи тоҷик омодаи интиқол ба кишваре босубот аз Яман ҳастанд. Ба гуфтаи Давлат Назрӣ, сухангӯйи ин вазорат, дар Яман дастикам 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксари онҳо пизишкон ҳастанд, кор ва зиндагӣ мекунанд.
Бахше аз ин афрод ба сурати инфиродӣ ё бо кумаки ширкатҳои кордиҳандаи худ Яманро тарк кардаанд. Аммо бахше дигар бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ва давлати Тоҷикистон ба далели ноамн будани вазъият дар Яман ба ватан бармегарданд.
Оқои Назрӣ гуфт: "Ҳоло 14 шаҳрванди Тоҷикистон, ки тавассути ширкати “Здравстрой”-и Русия ва 9 нафари дигар, ки тавассути ширкати “Технострой-экспорт”-и ин кишвар дар Яман ҷойи кор пайдо карда ва бо хонаводаҳои худ муқими ин кишвар шудаанд, бо кумаки давлати Тоҷикистон то поёни ҳафтаи ҷорӣ ба Душане бармегарданд."
Ҳарчанд ин гурӯҳ аз шаҳрвандони тоҷик омодаи тарк кардани Яман ҳастанд, дар ҳоли ҳозир ҳавои ғуборолуда монеъ аз парвозҳо шудааст ва бо мусоъид шудани ҳаво барои парвозҳои ҳавопаймоҳо ин афрод ба Тоҷикистон мунтақил хоҳанд шуд.
Аммо ба гуфтаи сухангӯйи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Яман фаъолият мекарданд, ҳанӯз мунтазири дарёфти музди корашон буда ва намехоҳанд бидуни дарёфти музди кории худ Яманро тарк кунанд.
Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар соли 2008 дар Яман ҳудуди 200 шаҳрванди Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекарданд. Аммо дар ду соли ахир теъдоди онҳо бештар шуда ва "ба зери 300" нафар расидааст. Гуфта мешавад бахше аз ин афрод, ки умдатан пизишкон ҳастанд, бо ташаннуҷи авзоъ дар кишварҳои арабӣ барои кор ба Афғонистон кӯч бастаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар Яман сафорат ва намояндагӣ надорад ва дар ҳоли ҳозир умури интиқоли шаҳрвандони тоҷик аз Яманро сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саъудӣ ба ӯҳда дорад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи оқои Назрӣ, то кунун 30 шаҳрванди Тоҷикистон бо кумаки Русия ва Укройн Либӣ, кишвари дигари арабиро, ки низ даргири муноқишоти дохилист, тарк кардаанд.
Қарор буд беш аз 170 табаъаи тоҷик низ тавассути ҳавопаймо аз Миср ба Тоҷикистон интиқол ёбанд, вале бо ором шудани авзоъ дар ин кишвари арабӣ, зарурати интиқоли онҳо аз миён рафтааст.
Би-Би-Си