КУШТА ШУДАНИ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРЗИ ҚИРҒИЗИСТОН
Дар як амалиёти вижаи нерӯҳои интизомии Қирғизистон дар минтақаи марзӣ бо Тоҷикистон Умед Низомови тоҷиктабор кушта ва як нафари дигар боздошт шудааст. Ин хабарро Ваҳҳоб Бобоев – падари Умед Низомов таъйид кард ва гуфт, ки мақомоти Қирғизистон аз кушта шудани фарзандаш дар як амалиёт ӯро огоҳ кардаанд. Оқои Бобоев аз чӣ тавр рух додани ин ҳодиса изҳори беиттиллоъӣ кард.
Вале ба навиштаи хабаргузории «Акипресс»-и Қирғизистон, «зимни як амалиёти алайҳи қочоқчиёни маводди мухаддир, ки 2 апрел дар ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд дар наздикии марзи Тоҷикистон сурат гирифт, қочоқчӣ як маъмури пулисро бо чоқу ду зарба задаст. Дар пайи шиллики тир аз сӯйи маъмурони пулис ин қочоқчӣ кушта шудааст».
Як сокини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард гуфт, ки нерӯҳои пулиси Қирғизистон дар ин даргирӣ як нафарро боздошт ва ба қаламрави кишвари худ интиқол додаанд. Зимнан, ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканди Қирғизистон бо ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳаммарз аст.
Гуфта мешавад, ки қазияи ахир низ дар наздикии козинои мавсум ба “Шри Ланга” рух додааст. Ин козино дар канори ҷодаи мошингади Хуҷанд-Конибодом воқеъ аст ва дар бархе аз манотиқ аз он ба гунаи хати марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ном мебаранд. Гузоришҳо ҳокист, ки дар гузашта низ дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистону Қирғизистон афроди зиёде барои қочоқи маводди мухаддир боздошт шудаанд.
Би-Би-Си