22:41:14 01-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРЎҲИ САФИРОНИ КИШВАРҲОИ САҲА

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гурўҳи сафирони кишварҳои     Созмони  амният ва хамкори дар Аврупоро ба ҳузур пазируфт.

emomali rahmonДар мулоқот масоили ҳамкории  Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд. "Мо ин Созмонро яке аз ҳамшарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки дар чорчўбаи он ҳамкории пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошем", - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки асосан дар се самт – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст ва ҳамчунин аз фаъолияти Гурўҳи кории Созмон ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

obeseДар ҷараёни суҳбат доир ба ҳамкории пурсамар дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пурзўр намудани ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ва аз минаҳо тоза кардани минтақаҳои наздисарҳадӣ гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Аз ҷониби сафирони кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба нақши Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа, хусусан дар роҳи барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва ҳам эҳёи иқтисодиёти ин кишвари азияткашида  баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва беҳсозии фазои сиёсию ҳуқуқии соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугў сурат гирифт.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854