ДАР ҶИРГАТОЛ БАРФ МЕБОРАД
Субҳи рӯзи 4-уми апрел мардуми ноҳияи Ҷиргатол ва дигар ноҳияҳои минтақаи кӯҳистонии Раштро манзараи ғайричашмдоште интизор буд. Мардум имрӯз аз сапедадам дашту кӯҳсори якваҷаб барфпӯшро дида иброзӣ хурсандӣ ва шукргузорӣ мекунанд.
Зеро имсол аз аввал хеле камбориш омад ва дарёчаи Сурхоб низ ба гуфтаи калонсолон дер боз чунин камобиро надида буд, ки ин ҳолат хотири деҳқонон ва чорводоронро мушавваш сохта буд. Агар дар маркази ноҳия баландии барф, ки дар ин лаҳзаҳо низ бориши он идома дорад, як ваҷаб бошад, дар кӯҳсор он ҳатман хеле зиёдтар боридааст.
Хурсандии мардум аз он аст, ки дар аввали моҳи апрел дар кӯҳистон боридани барф аз аҳамият холӣ нест. Аз як тараф агар дашту даман сероб шаванду барои чорводори заминаи хуб муҳайё гардад, аз тарафи дигар захираи обанборҳои нерӯгоҳҳои барқи обии минтақаҳои поёнӣ хеле зиёд хоҳанд шуд, ки ин чиз дар ҳамин шабу рӯз барои тавлиди барқ ниҳоят зарур аст.
Дар ҳамин ҳол як рӯз пеш ҳаво дар Ҷиргатол ва ноҳияи Тоҷикобод офтобӣ буд ва мардум ба таҷлили давоми ҷашнҳои идонаи наврӯзӣ машғул буданд. Чунончи рӯзи 2-уми апрел дар маркази ноҳияи Ҷиргатол ва дирӯз 3-уми апрел дар деҳаи баландкӯҳи Ширинаки ноҳияи Тоҷикобод як базми калони наврӯзӣ баргузор шуд, ки дар онҳо меҳмонон аз гӯшаву канори мухталифӣ ҷумҳурӣ ширкат карданд. Махсусан мусобиқаи гӯштингирӣ хеле шавқовар гузашт. Ҳузури чемпиони ҷаҳон дар байни собиқадорони гӯштини самбо Шариф Сулаймонов дар ин базмгоҳ мавриди ташвиқи ҳозирин қарор ёфт.
Дар мусобиқа фарзанди ӯ дорандаи унвонҳои ифтихорӣ ва қаҳрамони мусобиқаҳои байналмилалӣ Сулаймон Сулаймонов дар қатори дигарон ҳунарнамоӣ карда маҳорати хуби хешро ба намоиш гузошт ва ҳарифони худро мағлуб сохта ба гирифтани ҷоиза сазовор гашт.
Далер Сафаров, Ҷиргатол, барои «Рӯзгор»,
(субҳи 04-уми апрел, тавассути телефон хабар дода шуд).