19:16:22 01-уми Июни 2025 сол

ИМРӮЗ ДАР ЭЪТИРОЗҲОИ ҚАНДАҲОР 5 ТАН КУШТА ШУДАНД

Рӯзи шанбе дар шаҳри Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон дар ҷараёни эътирозҳо алайҳи дар Амрико сӯзондани «Қуръон» 5 нафар кушта ва 46 тани дигар захмӣ шуданд.

kandaharЗалмай Аюбӣ, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, ин афрод замоне кушта шуданд, ки издиҳоми иборат аз чандсад нафар даст ба хушунат ва сӯзондани мошинҳову дӯконҳо зад.

Рӯзи ҷумъа бар асари чунин эътирозҳо дар шаҳри Мазори Шариф, дар шимоли Афғонистон, ки ба ҳамла болои дафтари СММ печид, 8 хориҷӣ ва 4 афғон ҷон бохтанд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ин қатлҳоро маҳкум кард.

Террӣ Ҷонс, роҳиби як калисои кӯчак дар аёлати Флорида, аз ин ҳаводис изҳори таассуф кард, вале гуфт, кадом эҳсоси масъулият намекунад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854