СОНЕҲАҲО ДАР РӮЗҲОИ НАВРӮЗӢ 13 КУШТА ДОД
Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар Тоҷикистон 24 садами утумубилӣ рух дод ва бар асари ин ҳаводис 13 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Бар асоси иттилоъи бахши пулиси роҳи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар сонеҳаҳо, ки аз 18 то 23 уми моҳи март дар роҳҳои ин кишвар рух додааст, ҳамчунин 23 нафар ҷароҳоти сангин бардоштаанд. Як масъули идораи пулиси шаҳр бо ёдоварӣ аз ҳодисаи ахири сонеҳаи утумубилӣ гуфт, ки ронанда аз ҷойи ҳодиса баъд аз сонеҳа фарор кардаст.
Вай гуфтааст, ки рӯзи 29-уми март утумубили тамғаи “Опель-Астра” духтарчи шаш соларо аз пой уфтонд ва аз ҷойи сонеҳа ғайб зад. Дар натиҷаи ин ҳодиса духтарча дар натиҷаи ҷароҳати сангин ҷони худро аз даст дод.
Аммо кормандони пулиси роҳ тавонистаанд, ронандаи фирориро боздошт кунанд ва ҳувияти вай ифшо шудааст. Ба гуфтаи Ҷамшед Дадобоев, як маъмури пулис ронандаи утумубили тамғаи “Опель-Астра” бидуни муҷаввизи ронандагӣ мошинро идора мекардааст.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ронандаи ин утумубл бар асосии қонуни ҷазои Тоҷикистон тибқи се модда, яъне сонеҳа дар роҳ ва кушта шудани пиёдагард, адами муҷаввизи ронандагӣ ва фирор аз ҷойи ҳодиса муттаҳм шудааст.
Масъулони идораи пулиси роҳи Вазорати кишвар ё умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 273 сонеҳа рух дода ва 100 нафар аз сокинони кишвар дар ин ҳаводис кушта шуданд. Дар ин ҳаводис беш аз 300 нафар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи онҳо бештари афроди кушта ва захмишуда аз ҷумлаи кӯдакон ва ҷавонони зери синни 18 сола буда ва адами назорат бар кӯдакон аз сӯйи волидон дар бештари маворид мунҷар ба рух додани чунин ҳодисот дар роҳҳо мешавад.
Би-Би-Си