15:33:23 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КУРСҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ АФСАРОНИ ТОҶИКУ АФҒОН

Сафорати ИМА дар Душанбе, барои 12 нафар афсари Хадамоти Гумрук, қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва 12 нафар афсари полиси сарҳадии Афғонистон барномаи таълимӣ доир намуд.

ken grossШӯъбаи Сафорати ИМА оид ба назорати воридотӣ ва амнияти марзҳо бо ин иқдоми худ барои густариши ҳамкории ду давлат ҷиҳати таҳкими амнияти марзҳо, кӯмак намуд. Афсарони полиси сарҳадии Афғонистон дар паҳлӯи ҳамтоёни тоҷики худ дар Гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи Поён» машқ карданд.

Сафири ИМА Кен Гросс дар маросими хатми барномаи таълимие, ки дар «Панҷи поён» баргузор гардид, иштирок карда дар суханронии худ ба ҳамкории дуҷониба оиди қатъ кардани интиқоли ғайриқонунии маводи муҳаддир, радиоактивӣ, муҳоҷирон ва дигар намудҳои қочоқ аз сарҳад таъкид намуд. Ӯ азҷумла иброз дошт, ки «машқҳои муштарак муносибатҳои байни ду ҳалкро қавӣ мегардонанд. Ҳамкории устувортар маънои амнияти устувортари марзҳоро дорад».

Аз ҷумлаи се барномаи минтақавии таълимие, ки ба он полиси сарҳадии Афғонистон ҷалб карда мешавад, ин курсҳои таълимӣ аввалин иқдом баҳисоб меравад. Барномаи таълимӣ барои мусоидат ба вусъат додани тиҷорати қонунӣ ва таҳкими амният дар марзҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна тавассути ҳамкории марзбонон ва гумрукчиён ҷиҳати пешгирии қочоқ ҳангоми ба бозорҳо интиқол додани молҳои қонунӣ матраҳ шудааст.

Аз соли 1992 инҷониб, Ҳукумати ИМА беш аз 900 миллион доллари амрикоиро ба барномаҳои гуногуни рушди сохторҳои ҳифзи ҳукук, амниятӣ, иқтисодӣ, ниҳодҳоии демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф маблағгузорӣ намудааст.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi