00:37:59 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 29 30 31  

«ФОРС» МЕХОҲАД ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОН БОШАД

 Аввалин дафтари хабаргузории хусусии ҶИЭ дар Осиёи Миёна «Форс» 30 апрели соли 2009 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ кард.

Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар толори Институти такмили ихтисоси муаллимони вазорати маорифи ҶТ баргузор гардид, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон доктор Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки хабаргузории «Форс» муваффақтарин ва сермухотабтарин хабаргузории хусусии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад. Инак ин хабаргузорӣ бо кушодани дафтари худ дар пойтахти Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муштариёни хешро дар Эрон аз рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақаи Осиёи Марказӣ низ воқиф бисозад.

Сафир ҳини суханрониаш аз он ёдовар шуд, ки дар байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон созишномаҳое дар хусуси дар Эрон тарбият кардани кадрҳои ҳирфаии соҳаи журналистика амал мекунанд, ки тибқи онҳо Донишкадаи Садо ва Симо, Донишкадаи хабар ва хабаргузории ҶИЭ дар ин самт талошҳоеро низ ба харҷ дода истодаанд.

Давлат Назрӣ сардори департаменти Иттилооти Вазорати Умури Хориҷаи Тоҷикистон аз он ибрози қаноатмандӣ кард, ки сиёсати дарҳои кушоди ҳукумати феълӣ боиси он шуд, ки теъдоди хабаргузориҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд, рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Хабаргузории «Форс» 24-умин аҷонсии хабарии хориҷӣ ҳаст, ки дар Душанбе ҳамакнун оғоз ба кор кард. Феълан беш сад хабарнигори хориҷӣ дар ин хабаргузориҳо расман номнавис шуда фаъолият мекунанд. Мавсуф нақши расонаҳои хабарии ҶИ Эронро дар таҳкими равобити байни ду кишвар мусбат арзёбӣ карда аз журналистони тоҷик даъват ба амал овард, ки дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ таҷрибаи пешқадами онҳоро омӯхта ба комёбиҳои бештаре дар соҳаи иттилоотрасонӣ ба муштариёни кишварашон даст ёбанд.

Ҳамиди Муқаддамфар мудири кулли хабаргузории «Форс» дар суханронии хеш гуфт, ки ниҳоди мазкур дар як муддати кӯтоҳе, ки дар Эрон арзи вуҷуд дорад, бо фаъолияти густурдаи хеш тавонист маҳбубияти муштариёни эрониро касб кунад ва унвони «Форс» фарзанди Эрон»-ро бигирад. Мутмаинам, ки тоҷикистониёни азиз «Форс»-ро дар Тоҷикистон низ мисли фарзанди худ қабул хоҳанд кард. ӯ инчунин ибрози боварӣ кард, ки хабаргузории «Форс» дар канори Садо ва Симои ҶИЭ, Воҳиди Марказии Хабар ва Хабаргузории ҶИЭ, ки то кунун нақши муассире дар таҳаввулоти фарҳангии ин ду давлати ҳамзабон, ҳамдину ҳамфарҳанг доштаанд, битавонад насими тозаи равонбахшеро дар ин самт ворид бисозад. 

Оқои Муқаддамфар дар идома гуфт, ки хабаргузорӣ, ки феълан дар даҳ кишвари ҷаҳон намояндагӣ дорад, маводҳои хешро ба забонҳои форсӣ, англисӣ, арабӣ ва туркӣ мунташир месозад. Ба гуфтаи мудири кулли ин хабаргузорӣ «таблиғ ва дастраси ҷаҳониён кардани дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии бародари Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин хабаргузорӣ дар оянда хоҳад буд».

Дар маросими ифтитоҳи ин хабаргузорӣ дар Душанбе дастандаркорони филми овозадори бисёрсериягии «Юсуф пайғамбар» саркоргардон ва сенариянавис Фараҷуллоҳи Силаҳшӯр, ҳунармандон Аббос Амири Муқаддам, Ризои Разавӣ ва Ҷаҳонбахши Султонӣ ширкат доштанд.

«Рӯзгор» 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi