00:21:32 16-уми Июли 2025 сол

ЯК ТОҶИК ДАР РУСИЯ КУШТА ШУД

Дар истгоҳи метруиОзёрки”, дар шаҳри Сан-Питербург ҷасади як табаъи тоҷик кашф шудааст. ХабаргузорииРосбалт”-и Русия аз қавли манобеъи Кумитаи бозрасии ин кишвар дар Сан-Питербург навиштааст, дар ноҳияи шикам, гардан ва синаи ин марди 28-сола захмҳои сершумор дида мешавад.

 

Ниҳодҳои зидахл дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ташхисҳои тиббиву ҷиноӣ дар ҷараён аст. Бар асоси як фарзияи гурӯҳи бозрасӣ, миёни мақтул ва ду шаҳрванди дигари тоҷик бархурде ба миён омадааст, ки дар натиҷаи он яке аз ин афрод ба зарби корд ба қатл расидааст.

 

Тибқи иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли гузашта дар Русия ҳудуди 700 тан аз атбоъи тоҷик фавт кардаанд, ки аз ин ҷумла, 75 нафар аз ҷониби гурӯҳҳои миллагарои рус ё гурӯҳҳои ҷиноӣ кушта шудаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ