БОЗДОШТИ САРВАРИ "ВОСТОКРЕДМЕТ" БО ГУМОНИ ҶОСУСӢ
Мақомоти амниятии Тоҷикистон, раиси корхонаи "Востокредмет", Шавкат Бобоҷоновро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба суди Узбакистони ҳамсоя боздошт кардаанд.
Як манбаъ дар додситонии вилояти Суғд, ки нахостааст, номаш ифшо шавад, ин хабарро ба Би-Би-Си таъйид кард, вале гуфтааст, ҳабси Бобоҷонов аз тарафи маъмурони амниятӣ сурат гирифта, додситонӣ аз ҷузъиёти он огоҳ нест. Гуфта мешавад, сардори корхонаи муҳими стратегии Тоҷикистон ҳамчунин дар суиистифода аз мақомаш низ муттаҳам мешавад.
Боздошти Бобоҷонов ва айбдоркунии ӯ дар ҷосусӣ ба нафъи давлати ҳамсояи Ӯзбакистон дар ҳоле ба амал меояд, ки cе моҳ пеш 3 корманди масъули ҳамин корхона низ ба айни чунин иттиҳом аз ҷониби мақомоти амниятии вилояти Суғд дастгир шуда, дар зиндон ба сар мебаранд.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тасдиқ ё радди хабар худдорӣ мекунанд. Тафсилоти бештари хабар дар давоми рӯз пешкаш хоҳад шуд.
«Озодӣ»