ШУМОРЕ КУШТА ВА МАҶРУҲ ДАР ДУ БУМБГУЗОРИҲОИ ИРОҚ
Мақомоти ироқӣ мегӯянд ду инфиҷори интиҳорӣ дар шаҳри Рамодӣ дар фосилаи садкилуметрии ғарби Бағдод рух додааст. Ҳадафи ҳамла як муҷтамаъи давлатӣ будааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд дар ин инфиҷорҳо дастикам чаҳордаҳ нафар кушта ва беш аз чиҳил нафар захмӣ шудаанд.
Ду нафар аз қурбониён маъмурони пулис ҳастанд. Яке аз бумбҳо дар як минибус дар канори дари вурудии муҷтамаъ мунфаҷир шуд. Дувумин бумбгузори нитҳорӣ бумби худро дар миёни ҷамъияте, ки дар маҳалли инфиҷор ҷамъ шуда буданд, мунфаҷир кард. Ин бумбгузориҳо як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки раиси пулиси ҷадиди устони Анбор кори худро шуруъ кард. Бумбгузориҳои имрӯз 27 декабр дувумин ҳамла ба сохмтонҳои давлатӣ дар Рамодӣ, пойтахти устони Анбор зарфи ду ҳафта аст.
Дар 12 декабр як бумбгузори интиҳорӣ бо худраве худ вориди муҳавватаи вурудии дафтари фармондорӣ шуд ва бумби худро мунфаҷир кард. Дар ин инфиҷор 11 нафар кушта шуда буданд. Устони Анбор, замоне мақари пайкорҷӯён ба шумор мерафт, аммо ба дунболи пайвастани қабоили суннимазҳаб ба муборизаи низомиёни Амрико ва давлати Ироқ бо пайкорҷӯёни Алқоъида омори ҳаводиси хушунатомези ин устон ба шиддат коҳиш ёфт.
Вале пайкорҷӯён ҳанӯз ҳар чанд вақт як бор ба ҳамалоти вайронгари тозае дар ин минтақа даст мезананд. Дар ҳафтаҳои гузашта мақомоте ироқӣ даст ба боздоштҳои густарда дар ин минтақа заданд ва чандин нафарро, ки мегуфтанд аз пайкорҷӯёни Алқоъида ҳастанд, боздошт карданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3995-2010-12-27-18-21-10.html