21:06:01 26-уми Майи 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 28 29 30
31            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МУШОҲИДАҲОИ "ОЗОДӢ" АЗ ТАВИЛДАРА

Хабарнигори минтақаии радиои Озодӣ, ки имрӯз вориди Тавилдара шуд, мегӯяд, вазъ дар марказ ва атрофи ин ноҳия ором аст.

Ба гуфтаи ҳодисаҳои ахир дар ин ноҳия мардумро то ҷое ба ташвиш овардааст, вале дар шаҳраки Тавлидара ваҳму нигаронии сокинони он эҳсос намешавад. Дар маркази ноҳия дӯкону мағозаҳо бозанд ва мардум дунболи рӯзгори худ мебошанд. Ва нафароне, ки хабарнигори радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсӯҳбат шудааст, мегӯянд, аз он дар ташвишанд, ки ин ноҳия дубора ба маркази нооромиҳо табдил наёбад. 

Вале дар роҳ аз минтақаи Лабиҷар то маркази Тавилдара се посгоҳ бо афроди низомӣ боқӣ мондаанд, ки асноди мусофирони роҳгузарро тафтиш мекунанд. Ва ба нақли хабарнигор, сарбозони ин посгоҳҳо бо мусофирон муносибати хуб нишон медиҳанд.

Ҳодисаи куштори генерал Мирзо Зиёев яке аз мавзӯъҳои аслии сӯҳбатҳои сокинони ноҳияи Тавилдара буда, аксарияти онҳо аз ин ҳодиса изҳори таассуф мекунанд ва аз саховату хизматҳои ӯ ёдовар мешаванд.

Аз рӯи мушоҳидаи хабарнигори мо, даромадгоҳи манзили сеошёнаи Мирзо Зиёев, ки дар кӯчаи Вахёи шаҳраки Тавилдара воқеъ аст, бо мӯҳр баста мебошад.

Ба нақли мардуми Тавилдара, писари Мирзо Зиёев, ки тибқи иттилои мақомоти расмӣ, қабл аз кушташавии падараш ҳамроҳ бо ӯ дар яке аз посгоҳҳои Тавилдара боздошт шуда буд, озод шудааст ва ҳоло дар манзили бобояш дар деҳаи Хуҷаи Хлози Тавилдара ба сар мебарад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi