12:00:00 03-уми Июни 2025 сол

ДАР МИЛАН ЖУРНАЛИСТИ МАШҲУР ЛАТУ КӮБ ШУД

Дина ҳангоми  шомхӯрӣ дар тарабхонаи  "La Risacca 6" – Милан  директори хадамоти ахбори канали чоруми медиахолдинги Mediaset, ки моликияти хонаводаи Берлусконе мебошад, дӯсти наздики сарвазири Италия- журналист Эмилио Феде мавриди  ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт.  Шахсияти ҳамлакунанда маълум аст. Ӯ маъруфтарин соҳибкори соҳаи дорусозии саноати Италия  Ҷан Ҷермано Ҷулиани мебошад.


 Феде дар ҳалқаи дӯстонаш, ҳар кадом бо ҷуфтҳои хонаводагии худ машғули хӯрокхӯрӣ буданд, ки ба назди онҳо марде омада ба сару рӯйи ӯ се зарба зад.. Дахолати саривақтии муҳофизони шахсии журналист  ва карабинерҳо имкон надод, ки оқибатҳои ин моҷаро вазнин шавад. Эмилио Феде ҳамон замон ба шифохонам наздиктарин бурда ва  ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расонда шуд.  Адвокати  журналист Надя Алеччи изҳор дошт, ки муштарии ӯ  аз болои ҳамлагар ба маҳкама  шикоят хоҳад бурд.

 

Ба гуфтаи вакили дифоъ «ҳамлагар барои  расондани ҷароҳатҳои вазнин ва таҳдиди аз байн бурдани журналист» инчунин «расондани зарари маънавӣ ба обрӯйи  касбии журналист» пеши қонун ҷавоб хоҳад гуфт, -хабар медиҳад бахши русии радиои «Озодӣ».

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854