ДАР ҚИРҒИЗИСТОН 17 НАФАРРО БА ҲАБСИ АБАД МАҲКУМ КАРДАНД
Додгоҳе дар ҷануби Қирғизистон 17 нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар ҳаводиси хунини моҳи июни соли ҷорӣ ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Куллияи ин афрод атбоъи ӯзбактабори Қирғизистон ҳастанд. Ба гуфтаи қозии додгоҳи ноҳияи Ноокени вилояти Ҷалолобод, ширкати ин афрод дар куштори ҷамъӣ ва хушунати қавмӣ собит шудааст.
Дамирбек Назаров, қозии ин додгоҳ ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳарчанд муттаҳамон иттиҳомоти ворида алайҳи онҳоро рад кардаанд, аммо даст доштани ин афрод дар қатли 16 нафар дар роҳи масири Ӯш-Бишкек таъйид шудааст.Ин ҳукми додгоҳи Қирғизистон нигарониҳоро дар мавриди иттиҳоми муҷрим будани ӯзбакҳо дар даргириҳои моҳи июни соли ҷорӣ дар ин кишвар ба миён овардааст.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар таъкид кардаанд, ки дар ҷаласаҳои додгоҳҳо дар бораи ҳаводиси хунини Қирғизистон бештар ӯзбакҳо муҳокима шуда ва онҳо аз омилони ин ҳаводис шинохта шудаанд.Ба асари даргириҳои қавмӣ миёни ақаллияти қавмии ӯзбак ва аксарияти қавмии қирғиз дар моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон ҳудуди чаҳорсад нафар кушта шуданд.
Роза Отунбоева, раиси ҷумҳурии Қирғизистон зимни як баёния иддаъоҳо дар бораи муҷрим шинохта шудан танҳо ӯзбакҳо дар ҳаводиси хунини Қирғизистонро рад кард. Аммо созмонҳои байналмилалӣ ба сохторҳои расмии Қирғизистон гуфтаанд, ки афроди муҷрим шинохта шуда дар додгоҳҳои ин кишвар ба ҳангоми бозрасии муқаддамотӣ шиканҷа шудаанд.
Ҳамчунин, муҳокимаҳои додгоҳҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ муғойират доштаанд. Дар муҳокимаи додгоҳҳо далоили муттаҳамон ба назар гирифта нашуда ва мавориди таҳдид ва ҳатто ҳамла ба шоҳидону вукалои мудофеъи онҳо ба мушоҳида расидааст.Гуфта шуда, ки ниҳодҳои расмии қирғиз дар қиболи ин гуна маворид мавзеъи “тамошобин”-ро ихтиёр кардаанд.
Ахиран намояндагони порлумони Бритониё дар номае унвонии мақомоти Қирғизистон дар бораи вазъи саломати Азимҷон Аскаров, мудофеъи ҳуқуқи башари саршинос, ки дар боздошт аст, ибрози нигаронӣ карда ва хостори посух ба ин нома шудаанд.
Би-Би-Си