15:14:35 09-уми Майи 2025 сол

ҲНИТ НАМОЯНДАИ НАВРО БА ПОРЛУМОН МЕФИРИСТАД

ҲНИТ тасмим гирифтааст, ки ба ҷои Муҳаммадшариф Ҳимматзода намояндаи дигари худ - Муҳаммадалӣ Ҳайитовро ба Маҷлиси намояндагон бифиристад. Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, чунин тасмим дар нишасти раёсати ҳизб гирифта шудааст.

Вай афзуд, «баъзе аз масъулини Комиссияи марказии интихобот каме ба саросемагӣ роҳ дода ин масъаларо яктарафа шарҳ доданд, вале умед ҳаст, ки билохира ин тасмим мутобиқи қонун амалӣ хоҳад шуд ва бидуни ҳеҷ монеа мо метавонем намояндаи дигари худро ба Маҷлиси намояндагон бифиристем».

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, пешвои маънавии ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Ма
ҷлиси намояндагон, ахиран дар вокуниш ба лағви имтиёзҳои вакилиаш аз сӯи раиси порлумон, аз узвияти Маҷлиси намояндагон истеъфо дод. «Озодӣ»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ