12:44:58 19-уми Майи 2025 сол

"НЕРӮҲОИ ИЗОФӢ АЗ МИНТАҚАИ РАШТ БАРМЕГАРДАНД"

rashtРаванди бозгашти нерӯҳои эъзомӣ аз шарқи Тоҷикистон ба маҳалли буду боши доимии онҳо оғоз шудааст. Як манбаъи амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин амр ба далели одӣ шудани вазъият дар минтақаи Рашт имконпазир шудааст. Вай афзуд, ки ҳоло гурӯҳи боқимондаи пайкорҷӯён дар минтақаи кӯҳистонии дараи Камароб дар муҳосира қарор доранд ва дер ё зуд онҳо бояд таслим шаванд ё нобуд карда хоҳанд шуд. Ба ин тартиб, дигар ба ҳузури теъдоди бузурге аз низомиён дар минтақа ниёз намондааст.

 

Нерӯҳои изофии низомӣ ва амниятӣ дар авоили моҳи сентябр ба минтақаи Рашт эъзом шуда буданд. Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои дохилии пулис дар амалиёт дар шарқи кишвар ширкат накардаанд. Ин мақоми пулис афзуд: "Дар ин амалиёт танҳо нерӯҳои вижаи пулис ширкат доранд. Онҳо ҳамчунон машғули пайгарди пайкорҷӯён ҳастанд."

 

Зимнан, оқои Норматов вазъият дар шарқи Тоҷикистонро "ором ва мӯътадил" арзёбӣ кард. Дар авохири моҳи октябр Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки то даҳ рӯзи дигар амалиёт дар шарқи кишвар анҷом хоҳад ёфт. Амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи ин кишвар дар авоили моҳи сентябр оғоз шуд ва баъд аз ҳамлаи гурӯҳҳои пайкорҷӯ ба сутуне аз мошинҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки дастикам 26 кушта барҷой гузошт шиддат гирифт.

 

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар ин амалиёт нерӯҳои амниятӣ, нерӯҳои Вазорати дифоъ ва Горди миллии Тоҷикистон, нерӯҳои марзбонӣ ва пулис мушорикат доранд. Дар пайи суқути як чархболи низомии Горди миллии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм, ки дар ин амалиёт мушорикат мекард, 20 тан аз сарбозони гурӯҳи вижаи амниятии “Алфа” ва ҳафт тан аз афсарони Горди миллӣ кушта шуданд.

 

Ҳамчунин, пештар аз кушта шудани гурӯҳе шашнафарӣ аз нерӯҳои ОМОН ё пулиси вижаи вилояти Хатлон низ дар як амалиёт алайҳи пайкорҷӯён дар дараи Камароб гузориш шуда буд. Манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт ҳатто шогирдони донишкадаи низомии Тоҷикистон низ ҷалб шуда буданд, ки ахиран ба пойтахт бозгардонда шуданд. Аммо ин хабар расман таъйид нашудааст.

 

Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонин, аз нерӯҳои низомӣ танҳо дар сурате бояд истифода шавад, хатаре аз хориҷ вуҷуд дошта бошад. Вале Президент Раҳмон ахиран зимни сафари худ ба Афғонистон эълом кард, ки дар миёни пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар водии Рашт умдатан шаҳрвандони Тоҷикистон ва бархе аз атбоъи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ҳастанд.

 

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, гуфт, ки чанде аз воҳидҳои низомии ин ниҳод дар минтақа фаъол буда ва онҳо ба амалиёти зидди пайкорҷӯён мусоъидат кардаанд. Вай афзуд: "Ба ин далел, зарурати бозхонди ин нерӯҳо вуҷуд надорад. Вале комюнҳои ҳомили низомиён, ки ахиран ҳаракати онҳо аз шарқи Тоҷикистон ба самти Душанбе мушоҳида мешавад, аз низомиёне иборатанд, ки мӯҳлати хидмати сарбозии онҳо анҷом ёфта ва онҳо ба хонаҳояшон бармегарданд."

 

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифоъи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар шарқи кишвар ӯрдугоҳҳое барои омӯзиши низомиён дар шароити кӯҳистонӣ таъсис медиҳад. Оқои Маҳмадалиев гуфт онҳо ӯрдугоҳҳои муввақатие хоҳанд буд, ки дар он ҷо устодони ҳирфаӣ сарбозон ва афсаронро омӯзиш медиҳанд. Вай афзуд: "Бештари қаламрави Тоҷикистонро манотиқи кӯҳистонӣ ташкил медиҳанд ва тақвияти омӯзиши сарбозон ва афсарон бо шеваҳои муъосири муқобала бо душманон дар чунин шароите як амри зарурист."

 

Оқои Маҳмадалиев хабар дод, ки феълан дар минтақаи Рашт чанд воҳиди низомии вазорати дифоъ мустақар аст ва ниёзе барои тақвияти ин нерӯҳо вуҷуд надорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3482-q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ