РӮЙДОДИ ФАВҚУЛОДА ДАР ТАВИЛДАРА
Шоми дирӯз дар ноҳияи Тавилдара, шарқи Тоҷикистон, афроди мусаллаҳи номаълум савори панҷ мошин талош карданд, аз посгоҳи "Сафедхок" убур кунанд.
Бархе аз сокинони маҳаллӣ гуфтаанд, дар наздикии посгоҳ садои тирпаронӣ баланд шудааст. Хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз як шоҳиди ҳодиса гуфтааст, афроди ношинос талош кардаанд, аз посгоҳ гузашта ба самти маркази ноҳияи Тавилдара ҳаракат кунанд, аммо бо муқовимати кормандони милиса, ки дар ин посгоҳ буданд, рӯбарӯ шуданд. Чанде аз ҳамлаварон захмӣ шуда ва боқимонда пас аз даргири шадид тавонистаанд, ҷойи ҳодисаро тарк кунанд.
Мақомоти расмӣ аз шарҳи ин хабар худдорӣ кардаанд. Тафсилоти бештари воқеа дар давоми рӯз нашр хоҳад шуд.
«Озодӣ»