05:24:29 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

ОТАШСӮЗӢ ДАР НАМОЗГОҲИ ҲИЗБИ НАҲЗАТ

Бино ба иттилои мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бинои намозгоҳи занонаи ин ҳизб воқеъ дар маҳаллаи 1-ум Советскийи пойтахт, ба коми оташ рафтааст. Сабаби ин оташсӯзӣ шарҳ дода нашудааст. Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар соатҳои аввали сӯхтор ба ҷои ҳодиса омада, бо вазъ ошно шудааст.

 

Ҷаноби Қаҳҳоров пас аз ошноӣ бо вазъ, бо Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз ду намояндаи ин ҳизб дар парлумон сӯҳбат кардааст. Масҷиди занонаи ҲНИТ шояд танҳо масҷид дар Тоҷикистон аст, ки занон низ дар баробари мардон намози худро адо мекунанд Ҳар рӯзи ҷумъа ҳудуди сад тан аз занону духтарон ба хотири адои намози ҷумъа дар баробари мардон ба ин масҷиди Ҳизби наҳзати исломӣ меоянд. Аксари ин занон мегӯянд, ба ин масҷид тавассути ҳамсояҳо ва дугонаҳои худ, ки бархе аз онҳо узви Ҳизби наҳзати исломӣ будаанд, роҳ ёфтаанд.

 

Тафтиши ғайримунтазираи қароргоҳи Ҳизби Наҳзат

Ҳамзамон мақомоти ин ҳизб мегӯянд, рӯзи ҷумъа гурӯҳе аз кормандони умури дохила бидуни огаҳии пешакӣ ба дафтари ин  ҳизб ворид шуда, талаб намудаанд, ки дигар дар масҷиди қароргоҳи ҳизб намоз нагузоранд. Ба қавли Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ин ҳизб ва сардабири нашрияи “Наҷот”, кормандони интизомӣ худро намояндагони додситонӣ, кумитаи дин ва амният муаррифӣ кардаанд.

 

Онҳо пас аз анҷоми намози ҷумъа бо намояндагони ҳизб сӯҳбат намуда таъкид кардаанд, ки дар намозгоҳи қароргоҳи ҳизб таҷаммуъ амали ғайри қонунӣ аст. Ҳамчунин онҳо дар мавриди имоми ҳамин намозгоҳ санад тартиб дода таъкид кардаанд, ки масъалаи ӯро дар додгоҳ баррасӣ хоҳанд кард. Як мақом аз кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки бар асоси қонуни нави дин, аъзои ҳизби наҳзат ҳаққи намозгузорӣ дар дохили қароргоҳи ҳизбро надоранд.

 

Вай афзуд, ки қаблан намояндагони кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо бо раҳбарияти ин ҳизб дар миён гузошта буданд ва онҳо хуб медонистанд, ки адои намозро дар қароргоҳи ҳизб, қонун манъ мекунад. Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, ки кормандони интизомӣ аз фурӯшгоҳи ҳизб диску сидии қароргоҳи ҳизб наворҳои сабти мавъизаҳои руҳониёнро бо худ бурдаанд.

 

Сабти номи такрории масҷидҳо

Мақомоти давлатии Тоҷикистон сабти номи кулли масоҷид дар кишварро соли гузашта оғоз карданд, замоне, ки қонуни баҳсбарнгези дин аз сӯи вакилони Маҷлиси Намояндагон ва раиси ҷумҳур тасвиб шуд. Бар асоси ин қонун, Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг ва ҳоло Кумитаи дин, бештар аз 3 ҳазору 300 масҷиди панҷвақта, 324 масҷиди ҷомеъ ва 27 масҷиди ҷомеи марказиро ба қайди давлатӣ гирифт.

 

Мақомоти Кумитаи дин мегӯянд, танҳо дар шаш моҳи соли равон, барои ба қайд гирифтани 7 масҷиди ҷомеи марказӣ, се мадраса ва теъдоде аз масҷидҳои панҷвақта низ ариза ворид шудааст, ки ба далели комил набудани аснодашон сабти ном нашудаанд. Бо ин ҳол, ҳам намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳам намояндагони Кумитаи дин мегӯянд, дар бораи қонунӣ кардани фаъолияти масҷиди наҳзатиҳо ё бастани он ба натиҷае нарасидаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3409-2010-10-23-13-33-28.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi