08:48:05 02-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_firroriyon_232547'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/16_firroriyon_232547'

АЛӢ АЛИЕВ, ФИРОРИЕ ДИГАР БОЗДОШТ ШУД

Пулиси Тоҷикистон аз боздошти Алӣ Алиев, табаъаи Русия ва яке аз зиндониёни фирорӣ хабар медиҳад. Бар асоси иттилоъи маркази матбуъотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, оқои Алиев субҳи рӯзи панҷшанбеи 16 сентябр дар деҳаи Даштибеди ноҳияи Ваҳдат аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шудааст. Бо гузашти 25 рӯз аз ҳодисаи фирори 25 нафар аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон теъдоди боздоштшудагон аз ин гурӯҳи фирориён ба ҳафт нафар расид.

 

Алӣ Алиев яке аз панҷ шаҳрванди Русия аст, ки дар ҳодисаи фирори зиндониён дар рӯзи 23 август аз боздоштгоҳи шаҳри Душанбе фирор кардааст. Қаблан ниҳодҳои амниятӣ ба боздошти Магомед Ахмедови доғистонӣ, ки давлат ӯро яке аз мубтакирони фирори гурӯҳи зиндониён медонад, муваффақ шуда буданд. Ин афрод дар тобистони соли гузашта аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шарқи ин кишвар боздошт шуда буданд.

 

Ду рӯз қабл аз фирор аз боздоштгоҳ Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро ба ҷурми кӯшиши кудето дар ин кишвар ва узвият дар гурӯҳҳои ғайрирасмии мусаллаҳ муҷрим дониста, ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум карда буд. Дар се рӯзи ахир манобеъи пулиси Тоҷикистон аз идомаи амалиёти боздошти фирориён дар бархе аз манотиқи кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Ваҳдат гузориш дода буданд. Манобеъи маҳаллӣ гуфта буданд, ки ниҳодҳои интизомӣ чанд рӯстои ин ноҳияро ба муҳосира гирифта ва фирориёнро дар манозили маскунии сокинон ҷустуҷӯ мекунанд.

 

Боздошти ҳафт нафар зиндонии фирорӣ, аз ҷумла дар манотиқи атрофи шаҳри Душанбе, гувоҳи он аст, ки бештаре аз фирориён натавонистаанд худро ба маҳалле дуртар аз пойтахти кишвар бирасонанд. Шояд ба ин далел аст, ки бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ фирориёни боздоштшударо "фирориёни танбал" унвон кардаанд. Бо ин вуҷуд, бештаре аз соҳибназарон боздошти ҳатто ҳафт тан аз зиндониёни фирориро комёбии ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

 

Зеро, ҳодисаи фирор аз боздоштгоҳи амниятӣ, ба эътиқоди онҳо, ба эътибори давлат латмаи ҷиддӣ ворид карда ва нишони мушкилоти фаровон дар фаъолияти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи коршиносон, ин амр Президент Раҳмонро водор сохт, ки баъд аз ҳодисаи фирори зиндониён куллия мақомоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистонро истеъфо диҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3137-2010-09-16-11-10-29.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ