ПОЁНИ МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ ТОҶИК БО ФАРМОНДЕҲОНИ СОБИҚ
Давлати Тоҷикистон ба фармондеҳони мухолифони собиқ дар Рашт "ваъда додааст", ки алайҳи онҳо иқдоме нахоҳад кард. Тибқи иттилоъи расида аз поёни ҷараёни мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо фармондеҳони мухолифони собиқ, эъзоми неруҳои изофии низомӣ ба минтақаи Рашт ба манзури анҷоми амалиёти вижае барои боздошти афроди вобаста ба гурӯҳи Абдуллоҳ Раҳимов муллақаб бо "Мулло Абдуллоҳ" сурат гирифтааст.
Қаблан фармондеҳони собиқи минтақаи Рашт, ки дар замони ҷанги дохилӣ аз манотиқи таҳти нуфузи нерӯҳои мухолифи давлат буд, нигаронии худро аз эҳтимоли иқдоми давлат алайҳи онҳо дар лобалои амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ иброз дошта буданд. Мулоқоти онҳо бо мақомоти қудратӣ дар маркази ноҳияи Рашт паси дарҳои баста сурат гирифта ва давлати Тоҷикистонро дар он вазири умури дохила, вазири дифоъ ва муъовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ намояндагӣ кардаанд.
Олим Одилов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифони тоҷик дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин мулоқот субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 15 сентябр оғоз шуда ва ҳоло "сӯҳбати як ба яки" Мирзохӯҷа Аҳмадов бо мақомоти қудратӣ ҷараён дорад. Рӯзе қабл оқои Одилов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз ташаннуҷи увзоъ дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карда буд.
Вай гуфта буд, ки “ҳамарӯза ба минтақаи Рашт таввасути 5-6 комюни “Камаз” аз 100 то 200 нафар низомиён интиқол мешаванд. Мо ки машғули зиндагии осоишта ҳастем аз ин амр нигаронем ва намедонем ин ҳама омодагиҳо ба чӣ манзур аст." Вай афзуда буд, ки "Мо ночор ҳастем барои таъмини ҳифозати худ тадбире биандешем”.
Олим Одилов гуфта буд, ки фармондеҳони собиқ қасди ташаннуҷи увзоъ дар минтақаро надоранд ва танҳо хостори он ҳастанд, ки “гузоранд онҳо зиндагии осуда дошта бошанд”. Дар гузашта Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳони саршиноси мухолифони собиқ ва раиси пешини бахши мубориза бо ҷароими созмоёфтаи пулис дар минтақаи Рашт ҳушдор дода буд, ки агар ниҳодҳои қудратӣ алайҳи онҳо иқдом кунад, онҳо барои дифоъ аз худ тадобире рӯйи даст хоҳанд гирифт.
Ду соле қабл ниҳодҳои интизомӣ оқои Аҳмадовро дар қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН, гурӯҳи пулиси вижаи Тоҷикистон мазнун дониста буданд. Он замон миёни мақомоти тоҷик ва фармондеҳони собиқ дар ин минтақа ихтилофи назарҳое ба вуҷуд омаданд. Вале, баъд аз дидори Президент Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш, ин мушкил рафъ шуда буд. Он замон оқои Аҳмадов гуфта буд, ки Президент Раҳмон онҳоро афв кардааст.
Ба гуфтаи оқои Аҳмадов, дар он дидор тавофуқ шудааст, ки агар фармондеҳони собиқ халъи силоҳ шаванд, давлат онҳоро афв мекунад. Баъд аз ин тасмим ҷонибдорони оқои Аҳмадов суфуфи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятиро тарк карданд.
Вале тӯли ду соли ахир, бархе аз мақомоти тоҷик, ба вижа, додситони кулли собиқ пайваста изҳор доштаанд, ки “дер ё зуд” қотилони Олег Захарченко боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд. Мирзохӯҷа Аҳмадов низ бо пахши номаи саргушода, аз Президент Раҳмон дархост карда буд, ки аз фишорҳо алайҳи вай ва ҷонибдоронаш ҷилавгирӣ кунад. Вале ин нома бепосух монда буд.
МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ ТОҶИК БО ФАРМОНДЕҲОНИ СОБИҚ ДАР РАШТ
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3130-2010-09-15-12-09-10.html