МУЛОҚОТИ МАҚОМОТИ ТОҶИК БО ФАРМОНДЕҲОНИ СОБИҚ ДАР РАШТ
Дар маркази ноҳияи Рашт мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бо фармондеҳони мухолифони собиқ оғоз шуд. Ин мулоқот паси дарҳои баста сурат гирифта ва давлати Тоҷикистонро дар он вазири умури дохила, вазири дифоъ ва муъовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ намояндагӣ мекунанд. Олим Одилов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифони тоҷик дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки ин мулоқот субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 15 сентябр оғоз шудааст ва то ҳол идома дорад.
Вай аз мавзӯъоти матруҳа дар ин нишаст изҳори беиттилоъӣ кард, вале афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо вазъи сиёсӣ ва амниятӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Рӯзе қабл оқои Одилов дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ аз ташаннуҷи увзоъ дар ин минтақа изҳори нигаронӣ карда буд.
Вай гуфта буд, ки “ҳамарӯза ба минтақаи Рашт таввасути 5-6 комюни “Камаз” аз 100 то 200 нафар низомиён интиқол мешаванд. Мо ки машғули зиндагии осоишта ҳастем аз ин амр нигаронем ва намедонем ин ҳама омодагиҳо ба чӣ манзур аст."
Вай афзуда буд, ки "Мо ночор ҳастем барои таъмини ҳифозати худ тадбире биандешем”.
Олим Одилов гуфта буд, ки фармондеҳони собиқ қасди ташаннуҷи увзоъ дар минтақаро надоранд ва танҳо хостори он ҳастанд, ки “гузоранд онҳо зиндагии осуда дошта бошанд”.
Дар гузашта Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳони саршиноси мухолифони собиқ ва раиси пешини бахши мубориза бо ҷароими созмоёфтаи пулис дар минтақаи Рашт ҳушдор дода буд, ки агар ниҳодҳои қудратӣ алайҳи онҳо иқдом кунад, онҳо барои дифоъ аз худ тадобире рӯйи даст хоҳанд гирифт.
Ду соле қабл ниҳодҳои интизомӣ оқои Аҳмадовро дар қатли Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН, гурӯҳи пулиси вижаи Тоҷикистон мазнун дониста буданд. Он замон миёни мақомоти тоҷик ва фармондеҳони собиқ дар ин минтақа ихтилофи назарҳое ба вуҷуд омаданд.
Вале, баъд аз дидори Президент Раҳмон бо Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш, ин мушкил рафъ шуда буд. Он замон оқои Аҳмадов гуфта буд, ки Президент Раҳмон онҳоро афв кардааст. Ба гуфтаи оқои Аҳмадов, дар он дидор тавофуқ шудааст, ки агар фармондеҳони собиқ халъи силоҳ шаванд, давлат онҳоро афв мекунад. Баъд аз ин тасмим ҷонибдорони оқои Аҳмадов суфуфи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятиро тарк карданд.
Вале тӯли ду соли ахир, бархе аз мақомоти тоҷик, ба вижа, додситони кулли собиқ пайваста изҳор доштаанд, ки “дер ё зуд” қотилони Олег Захарченко боздошт ва муҷозот хоҳанд шуд. Мирзохӯҷа Аҳмадов низ бо пахши номаи саргушода, аз Президент Раҳмон дархост карда буд, ки аз фишорҳо алайҳи вай ва ҷонибдоронаш ҷилавгирӣ кунад. Вале ин нома бепосух монда буд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3127-2010-09-15-09-31-55.html