ДОДСИТОНИ КУЛЛИ СОБИҚ МАМНУЪУЛХУРУҶ ШУД
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи ин кишварро, мамнуъулхуруҷ кардааст. Як манбаъи мӯътамад дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе зимни таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ки онҳо муваззаф шудаанд аз сафари эҳтимолии додситони кулли собиқ ба хориҷ аз кишвар монеъ шаванд. Ин манбаъ афзуд, ки дастури мамнуъулхуруҷ шудани оқои Бобохонов аз сӯйи Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон иттихоз шуда ва ду рӯз қабл дар ихтиёри масъулони фурӯдгоҳ қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳамакнун онҳо муваззаф шудаанд, ки дар сурати талоши Бобоҷон Бобохонов барои хориҷ шудан аз Тоҷикистон, сареъан пулисро огоҳ сохта ва аз ин иқдоми додситони кулли собиқ ҷилавгирӣ кунанд. Талошҳои мо барои дарёфти шарҳи ин мавзӯъ дар Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон то ҳол натиҷае надошт.
Даҳ рӯз қабл Фаттоҳ Саидов, раиси ин ожонс, дар як нишасти матбуъотӣ дар посух ба ин суол, ки оё алайҳи додситони кулли собиқ низ монанди писараш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ё хайр, гуфт, ки “алайҳи Бобоҷон Бобохонов иттиҳоме матраҳ нест”. Ҳамакнун рӯшан нест, ки дастури мамнуъулхуруҷии Бобоҷон Бобохонов ба чӣ далел содир шудааст. Ҳоло ин суол матраҳ аст, ки ин амр ба боздошти писараш рабт дорад ва ё алайҳи худи додситони кулли собиқ низ иттиҳоме матраҳ шудааст.
Рӯзи сешанбеи 10 август манобеъи Ожонси мубориза бо фасод хабар доданд, ки ахиран амволи Файзулло Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор ва писари Бобоҷон Бобохонов, забт (арест) шудааст. Ду рӯз қабл маркази матбуъоти ин ожонс таввасути шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистон барномае пахш кард, ки дар он дороиҳои Файзулло Бобохонов ба намоиш гузошта шуда буд. Ҳамакнун ин моликият, бо шумули чанд маскан дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор ва шаҳри Қӯрғонтеппа, се худрави “Лексус” ва “Тойота-кемри” забт шудаанд.
Тибқи қавонини Тоҷикистон, ниҳодҳои бозрасӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз “нопадид” шудани моликияти афроди мазнун дар ҷароими мухталиф аз ҳаққи забти муваққати ин амвол бархурдор ҳастанд. Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод, Файзулло Бобохонов ба иттиҳоми даст доштан дар ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мақом боздошт шудааст.
Вай ҳамчунин хабар дода буд, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи Файзулло Бобохонов мушорикати вай дар ҷароими дигар низ ошкор шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи вай, дар авоили моҳи май як раиси ҷамоъат дар ноҳияи Ҳисор ба Ожонси мубориза бо фасод шикоят кардааст, ки маъмурони додситонии ин ноҳия ӯро ба таври ғайриқонунӣ боздошт карда ва аз ӯ 20 ҳазор дулор ришва ситондаанд.
Дар ҷараёни таҳқиқи ин ҳодиса мушаххас шудааст, ки Шоҳрух Нуралиев, як маъмури додситонӣ ва Файзулло Бобохонов, додситони собиқи ноҳияи Ҳисор, дар ин қазия даст доштаанд. Зимнан, Файзулло Бобохонов баъд аз барканор шудани падараш аз симати Додситони кулли Тоҷикистон аз вазифаи додситонии ноҳияи Ҳисор сабукдӯш шуд.
Дар ду ҳафтаи ахир боздошти писари додситони кулли собиқ ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъаи Тоҷикистон табдил шудааст. Аз ҷумла, рӯзи душанбе сару садоҳое дар бораи вазъи саломатии вахими Бобоҷон Бобохонов пахш шуд. Манобеъи огоҳ изҳор доштанд, ки воқеъан дар чанд рӯзи ахир додситони кулли собиқ аз фишори баланди хун азият мекашад.
Соҳибназарон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон таҳқиқи аъмоли ҷиноии мақомоти собиқ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба унвони мисол, аз сарнавишти Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва Маҳмадназар Солеҳов, вазири пешини умури дохилаи Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки дар тобистони соли гузашта дар шароити машкук кушта шуданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2867-2010-08-10-18-22-21.html