МАҲКУМ ШУДАНИ "ТАРАФДОРОНИ МАҲМУД ХУДОЙБЕРДИЕВ"
Додгоҳи вилояти Хатлон се сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлонро, ки ба гуфтаи додгоҳ "тарафдорони сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев" будаанд, равонаи зиндон кард. Додгоҳ Норим Шодиев ва Закир Саидмуродовро барои 15-сол ва Қосим Қарахоновро барои 13-сол ба зиндон маҳкум кард. Ин афрод моҳе қабл дар шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон боздошт шуда буданд.
Ба гуфти бахши вазорати корҳои дохилаи вилоят, ду нафари дигар аз аъзои гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев дар ин минтақа мавриди пайгарди қонунӣ қарор доранд ва ба хотири ворид нашудани ихлол ба таҳқиқи парвандаи онҳо ҳуввияташон ифшо намешавад. Ин дар ҳолест, ки манобеъи бахши вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон пештар аз боздошти ду нафар аз тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев ба ҳангоми убури ғайриқонунии онҳо аз марзи Ӯзбакистон ба қаламрави Тоҷикистон хабар дода буданд.
Бо ин ҳол масъулони бахши вазорати кишвари Тоҷикистон дар Хатлон гуфтанд, ки бо ҳукми ахири додгоҳ нисбат ба Норим Шодиев, Закир Саймуродов ва Қосим Қаҳрамонов розӣ нестанд. Онҳо интизор доштанд додгоҳ ин тарафдорони сарҳанги шӯриширо барои муддати тӯлонитар маҳкум ба зиндон мекунад. Толибҷон Назаров, масъули идораи таҳқиқоти ҷиноӣ дар пулиси Хатлон дар ин бора гуфт: "Мо бо қарори додгоҳ розӣ нестем. Онҳо бояд ҳукми сахттаре содир мекарданд. Зеро ин афрод замоне ҳамдастони Маҳмуд Худойбердиев буданд ва дар харобкориҳои зиёд, бахусус дар нахустин даргириҳои Қурғонтеппа дар соли 1993 ва пас аз он даст доштаанд."
Қаблан Абдураҳмон Бузмаков, раиси бахши вазорати корхои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар як нишасти матбуъотӣ гуфта буд, ки "тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев ба амнияти минтақа таҳдид мекунанд." Оқои Бузмаков дар ин нишаст афзуда буд, ки "тафтишот ошкор кардааст, афроди боздоштшуда бо кишвари ҳамсоя, Ӯзбакистон равобити хуб дошта ва барои муддате дар он ҷо зиндагӣ кардаанд."
Бархе аз коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки ҳимояти Ӯзбакистон аз Маҳмуд Худойбердиев ва тарафдоронаш ангезаҳои сиёсӣ дорад. Умедчон Бедимоғов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд: "Боздошти пайравони Маҳмуд Худойбердиев дар ҳоле ба назар расид, ки муносибати сиёсиву диплумотики ду кишвари ҳамсоя боз ҳам тиратар шудаанд. Бубинед, ки таи чанд моҳи ахир Ӯзбакистон роҳро баста ва қаторҳоро ба сӯи Хатлон мутаваққиф кард ва ҳамдастони Маҳмуд аз вилояти Хатлон дастгир шуданд. Фикр дорам, агар Худойбердиев мақсади баде дорад, нахуст талошашро дар Қўрғонтеппа анҷом медиҳад."
Қаблан аксҳои Маҳмуд Худойбердиев ва чанд нафари дигар аз тарафдорони ӯ, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар хиёбонҳои шаҳри Қурғонтеппа овезон буданд, вале пас аз боздошти чанде аз афроди марбут ба гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев ин аксҳо аз хиёбонҳо барчида шуданд.
Ҳоло пайвандони Маҳмуд Худойбердиев, аз ҷумла хоҳари бузурги ӯ, дар Қурғонтеппа ба сар мебаранд. Маҳмуд Худойбердиев аз фармондеҳони собиқи Фронти Халқии Тоҷикистон дар даврони ҷанги дохилӣ. баъд аз як ошӯб алайҳи давлат дар соли 1997 аз ин кишвар Тоҷикистон фирор кард. Соли 1998 ҷонибдорони оқои Худойбердиев ба вилояти Суғд як ҳамлаи низомӣ анҷом доданд, ки беш аз як сад кушта бар ҷой гузошта буд.
Мақомоти Тоҷикистон пайваста Ӯзбакистонро дар ҳимоят аз ин сарҳанги шӯришӣ ва дар фароҳам кардани сарпаноҳ барои вай дар қаламрави худ муттаҳам кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин чанд мавриди инфиҷор дар шаҳри Душанбе дар чанд соли пешро амалиёти теруристӣ хонда ва тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев муртакибони ин ҷиноёт хонда буданд. Дар даҳ соли ахир бештар аз сад нафар ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои вобаста ба Маҳмуд Худойбердиев дар Тоҷикистон боздошт ва барои муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд. Бархе аз онҳо ба эъдом низ маҳкум шуда буданд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ijtimo/2535---q--q.html