11:56:52 19-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/17_--01-a-aaaaahimmatzoda_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/17_--01-a-aaaaahimmatzoda_22.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/17_--01-a-aaaaahimmatzoda_22.jpg'

МУҲАММАДШАРИФИ ҲИММАТЗОДА ДАРГУЗАШТ

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, аз шахсиятҳои шинохташудаи сиёсию мазҳабӣ ва раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, даргузашт. Вай солҳои ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд. Ба гуфтаи наздиконаш тайи рӯзҳои ахир вазъи саломати ӯ бад шуда буд ва ӯ бомдоди чаҳоршанбеи 17 март дар синни 59-солагӣ дар манзилаш фавт кардааст. Манобеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки расми тадфини ӯ баъд аз зуҳри чаҳоршанбе баргузор хоҳад шуд.

 

Имкон дорад ҷисми ӯ дар канори қабри Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ, дар гӯристони Сариосиёи шаҳри Душанбе ба хок супурда шавад. Муҳаммадшарифи Ҳимматзода соли 1951 дар деҳаи Ғундараи собиқ ноҳияи Сангвор (феълан Тавилдара) таваллуд шуда, дар канои таҳсил дар мактаби ҳамагонӣ дар назди донишмандони улуми исломӣ аз сарфу наҳв, фиқҳ, таърих, фалсафа, мантиқ ва дигар улуми динӣ таълим гирифтааст.

 

Вай аз бунёдгузорони Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1990 ва узви Шӯрои роҳбарии он буд. Дар кунфронси муассисони шӯъбаи тоҷикистонии ин ҳизб, ки дар моҳи октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленин (феълан Рӯдакӣ) баргузор шуд, вай раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

 

Вай дар тирамоҳи соли 1991 бо пешниҳоди Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ, дар нахустанҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раҳбари ҳизб интихоб шудааст.

 

Оқои Ҳимматзода дар охири соли 1992 дар пайи ҷанги шаҳрвандӣ ба Покистон ҳиҷрат кард. Вай дар он ҷо ба унвони муъовини роҳбари Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони давлат (ИНОТ) интихоб шуд.

 

Дар ин давра вай ҳамзамон дар солҳои 1993-97 дар Донишгоҳи байналмилалии Пешовари Покистон дар риштаи ҳуқуқ таҳсил карда ва онро бомуваффақият ба итмом расондааст. Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба таври мстақим ва фаъолона дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат дошт ва пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ дар соли 1997 ба ҳайси узви Кумисиюни оштии миллӣ ба Тоҷикистон баргашт.

 

Солҳои 1998-2000 ба ҳайси раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ дар барқарории сулҳ ва оштии миллӣ хидматҳои арзандаеро анҷом додааст. Баъди анҷоми фаъолияти КОМ эшон муддате ба ҳайси сафир доир ба супоришоти махсуси Вазорати умури хориҷии ҶТ низ ифои масъулият доштааст.

 

Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ду дафъа вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, соли 2009 ба нишони эътироз бинобар қабули шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ваколати маҷлис даст кашиданд.

 

Соли 2006 дар Анҷумани ғайринавбатии ҳизб, пас аз даргузашти муассис ва роҳбари фақиди ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (р), роҳбари маънавии ҲНИТ интихоб гардидааст. Барои хидматҳои шоиста аз ҷониби Президенти ҶТ бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардонида шудааст.

 

Ҳамчун чеҳраи сиёсиву ҳуқуқӣ ва файласуфу донишманди улуми исломӣ, бахусус як фақеҳи саршиносу варзида дар дохил ва хориҷи кишвар маъруф гардида, муаллифи даҳҳо рисола, мақола ва таҳқиқоти илмӣ ва китобҳои “Дар ҷустӯҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ ва осори Абуҳанифа” , «Ақидаи Имом Абуҳанифа», “Дидгоҳ ва масоил”, “Таассуби мазҳабӣ-амали номақбул», «Бисёрҳизбӣ дар Ислом» мебошад, ки аз ҷониби донишмандони ватаниву хориҷӣ хеле хуб пазируфта шудаанд.

 

Устод М.Ҳимматзода донандаи хуби забонҳои форсӣ, арабӣ, инглисӣ ва русӣ буд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ