03:54:40 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАРКИШИ МИНА ДАР ДАРВОЗ

 

 17 июни соли 2009, дар майдони минаи Биброғ, воқеъ дар назди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳодисаи таркиши мина ба амал омад.

Дар натиҷаи таркиши баамаломада, минаҷӯи гурӯҳи безараргардонии №7, хизматчии ҳарбии Гвардияи Миллӣ прапоршик Ёраҳмадов Муҳаммад, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, ҷароҳат бардошт. Маълумоти пешакии нопурра дар бораи маҷрӯҳ чунин аст: ҷароҳатҳо дар панҷаҳои дасти рост ва рӯй, осеби чашмон (сатҳи ҷароҳат ҳанӯз номаълум аст). 

Ҷабрдида худи ҳамин рӯз, пас аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз тарафи пизишки гурӯҳ ба беморхонаи марказии ноҳияи Ванҷ интиқол дода шуд. Дар айни ҳол ҷабрдида зери назорати пизишкон табобати зарурӣ гирифта истодааст.

Комиссияи тафтишотии аз ҷониби Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо таъсисёфта барои таҳқиқи ҳодисаи мазкур ба кори худ шурӯъ кард.

Дар мавсими имсола, дар майдони минаи Биброғ гурӯҳи безарарсозӣ тавонистааст 85 521 метри мураббаъ замини хатарнокро тоза намояд ва 127 дона мина ва дигар муҳимоти натаркида ошкор ва нобуд сохта шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар соли ҷорӣ аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 6 нафар зарар диданд, панҷ нафари онҳо маҷрӯҳ ва як нафарашон ҳалок гардид. Аз соли 1992 инҷониб, аз таркиши минаҳои зидди пиёдагард ва муҳимоти натаркида 351 нафар ҳалок ва 448 нафар маҷрӯҳ гардидаанд. Танҳо дар соли гузашта бо ин сабаб 9 нафар маҷрӯҳ ва 4 нафар ҳалок гардиданд.  

Фарангис Раҳимова, АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi