19:46:08 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. СТРОСС-КАН

 

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи Хазинаи байналмилалии асъорро, ки зери сарварии Директори тақсимкунандаи хазина Доминик Стросс-Кан ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла оид ба коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Хазинаи байналмилалии асъор барои ҷудо намудани 116 миллион доллари амрикоӣ, ки дар доираи Барномаи нави ҳамкории Точикистон бо ин хазина баҳри паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодӣ сурат мегирад, арзи сипос намуда, изҳори қаноатмандӣ кард, ки қисмати зиёди он соли равон маблағгузорӣ мешавад.

Мусоҳибон оид ба роҳҳои зиёд намудани кӯмакҳои Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар созмону кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон баҳри коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, таъкид бар он доштанд, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки то имрӯз ҷудогашта барои босамар амалӣ намудани тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нокифояанд. 

Доминик Стросс-Кан ба тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати иҷтимоӣ ва пулию қарзии он баҳои мусбӣ дода, изҳор намуд, ки масъалаи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор дорад ва ҳаҷми он ба наздикӣ муайян хоҳад шуд.

Доминик Стросс-Кан сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини истиқлоли энергетикии кишвар, аз ҷумла далелҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин бора муътамад арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки захираҳои фаровони табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ имкон медиҳанд, ки дар оянда рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон таъмин гардад.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi