00:17:53 28-уми Апрели 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ТАБАЪАИ ЭРОН ДАР ДУШАНБЕ

Маъмурони пулиси Тоҷикистон як табаъаи Эронро, ки аз сӯйи мақомоти он кишвар таъқиб мешавад, дар шаҳри Душанбе боздошт кардаанд. Манобеъи пулиси Тоҷикистон мегӯянд, ки кормандони идораи муҳоҷирати вазорати умури дохилаи ин кишвар як шаҳрванди 45-солаи Эронро, ки аз ӯ "Маҳсуд Баҳманнажод Фард" ном бурда мешавад, дастгир кардаанд.

 

Гуфта мешавад ин мард, ки ба таври муваққатӣ дар Душанбе зиндагӣ мекард, дар Эрон ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ (қаллобӣ) мавриди таъқиби ниҳодҳои интизомӣ қарор доштааст. Ба гуфтаи кормандони вазорати кишвари Тоҷикистон, сафорати Эрон аз боздошти ин шаҳрванди эронӣ дар Душанбе огоҳ аст. Аммо ин манобеъ аз додани иттилоъ дар бораи ин ки ин шахс ба Эрон мустарад хоҳад шуд ё на, худдорӣ карданд.

 

Тоҷикистон ва Эрон дар моҳи июли соли 2004 дар Теҳрон як санади ҳусни тафоҳум дар мавриди густариши ҳамкории нирӯҳои амниятӣ ва интизомии ду кишвар имзо карда буданд. Бар асоси ин санад, ҳарду кишвар дар чорчӯби қавонин ва салоҳиятҳои худ бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд ва иттилоъоти заруриро дар бораи ҷурму ҷароим дар ихтиёри якдигар қарор медиҳанд.

 

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар соли 2009 дар қаламрави ин кишвар 87 фарди мазнун дар иртикоби ҷароим, ки аз сӯйи маъмурони пулиси кишварҳои мустақилли ҳамсуд ҷустуҷӯ мешуданд, дастгир шудаанд.

 

Аз миён танҳо яке аз боздоштшудагон шаҳрванди хориҷӣ, яъне Русия аст ва 86 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирифта ва аз он ҷойҳо ба ватани худ фирор кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1743-2010-02-13-15-35-56.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ