17:03:09 24-уми Апрели 2026 сол

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон дар мавзуи «Таҳсилоти муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ ва ҳамкории саноатӣ» конференсия баргузор шуд.

donishgohi tekhnikii tijikiston 4554421254Зимни конфронс масъалаҳои мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак, амалисозии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар доираи форум мавриди муҳокима қарор гирифт.

Иброз шуд, ки баргузории чунин форум ва конференсияҳо имконият фароҳам меоранд, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, таҳқиқоти илмӣ, рушди технологияҳои муосир ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро баррасӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ ҳамкории судмандро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон ба роҳ мондааст. Ҳамкорӣ дар заминаи созишномаҳо ва харитаҳои роҳ амалӣ гардида, ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ равона шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин форум Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо якчанд донишгоҳҳои Ҷумҳурии Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ