08:37:59 22-уми Январи 2026 сол

Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт

Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии забони русии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ гардид. Марказ бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис ёфтааст.

russia_bo_shumoМаркази нав бо ҳадафи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, таълимӣ ва дӯстона байни мардумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таъсис дода шудааст. Инчунин дар он маҳфилҳои фарҳангӣ, намоишгоҳҳо, филмҳои русӣ, барномаҳои таълимӣ ва чорабиниҳои илмӣ баргузор карда мешаванд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз карда шавад.

Забон рукни муҳими ҷомеа ва яке аз воситаҳои асосии муошират ба ҳисоб рафта, пайвандгари миллатҳо аз замони гузашта то кунун мебошад. Барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ