07:13:29 22-уми Январи 2026 сол

Дар шаҳри Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

11 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иштирок намуд.

2 ruzi president 655685445125454Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода таъкид дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ва таҷассуми эҳтиром ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат мебошад.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода аз талошу ҷонбозиҳои Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётии ҷомеа ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон намунаи олии ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ба як зумра фаъолон медал ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ