Дар Вашингтон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА баррасӣ гардиданд
Дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои нишасти сарони давлатҳо дар сиғаи C5+1 дар Вашингтон баррасӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»
















