13:15:39 19-уми Феврали 2026 сол

Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд

5 ноябр дар шаҳри Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иштирок намуд.

3 moscov 98565445541458Юсуф Раҳмон аҳамияти қарорҳои ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки 10 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, муҳим арзёбӣ намуд.

Дар нишаст котибони Шурои амният мушкилот ва таҳдидҳо ба амният дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва чораҳои эҳтимолии вокуниши муштаракро баррасӣ карданд.

Иброз гардид, ки ҷаласа ба таҳкими ҳамкорӣ дар муқобила бо мушкилот ва таҳдидҳои муосир, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳкими ҳамкории марзиву низомӣ равона шудааст.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ